МУБОРАК БОД! Шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд!

Сентябрь 12, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Ҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. 8 сентябр маросими расмии супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода намояндагӣ кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  дар ҷаласаи мазкур намояндагони як зумра кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ буда, раёсати Федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳри дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили Федератсияи мазкур мебошанд.

Федератсия дар самти гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ, баргузор намудани омўзишҳо ва машваратҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, ташкили намоишгоҳҳои сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳо ва дар маҷмӯъ, вобаста ба рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳои хурду калон имкониятҳои калон дошта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин дар ҳолест, ки соли равон бино ба натиҷаҳои назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориро бо Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ  (WTCF) ба роҳ монда истодааст.

Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам менамояд.

Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт бештар ҷалб менамояд. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, тӯли солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Сентябрь 12, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи сайёҳони хориҷӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ зиёд шудааст
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Бунёди Ҳаннс Зайдел тақвият медиҳад
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба даврҳои омӯзишии «Фарҳанги дастархондорӣ» ҷалб гардиданд