Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронии худ Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои мусоидат ба пешрафти ин минтақаи мамлакат андешаронӣ карданд.
Баъди таҳлили амиқи вазъи зиндагии аҳолӣ, рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, омодагии ҳамаи бахшҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, соҳибкорон ва собиқадорон — Зевари Далерӣ, Садрия Мародмамадова ва Баҳодур Баҳриев баромад карданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз номи кулли сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳо ва бҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






