Нозимҷон Нидоев: «Пешвои миллат дар суханронӣ ба ифтихори «Рӯзи дониш» дар назди аҳли ҷомеа оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими имрӯза вазифаҳои мушаххас гузоштанд»

Сентябрь 11, 2018 16:54

ДУШАНБЕ, 11.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хурсандиовар аст, ки имсол дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек аз таҷлили «Рӯзи дониш» ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос барои бунёди бинои нави марказӣ ва таълимии донишгоҳи мазкур, бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи шоиру олими барҷаста ва нобиғаи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино ва гуфтори пурмуҳтаво дар назди устодону донишҷӯён, аҳли зиёи кишвар ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро чунин иқдомҳои некбинона ва дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдати комил ва якпорчагии кишвар паи пешрафти илму маориф, рушди соҳаи тандурустии мамлакат ва дар маҷмӯъ, барои ноил шудан ба зиндагонии шоиста равона гардидаанд, боз ҳам рӯҳбаланд менамоянд.

Чунки агар ба таърихи таъсиси Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (аз соли 1939) ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ назар андозем, он яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1992 баъди соҳибистиқлол гардидан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шуд. Он тӯли 79 соли фаъолияташ ба тарбия ва ташаккули кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа равона буда, ҳамчун пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи намоён ишғол намудааст.

Муҳимтарин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз моҳият ва аҳамияти суханрониашон дар таҷлили «Рӯзи дониш» ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бармеоянд, ба назари мо аз инҳо иборатанд:

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа, мушкилоти дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохт ва паҳлӯҳои сершумори соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои шуғлу варзиш дар мамлакат баён намуда, чорабиниҳои то ба имрӯз банақшагирифташударо ба ифтихори «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҷамъбаст намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа дар назди аҳли ҷомеа ва бахусус, вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд;

2. Бо дарси сулҳ оғоз шудани соли нави таҳсили 2018-2019 моҳияти сулҳу суботро дар байни мардум даҳчанд афзун намуда, онҳоро барои дарёфти роҳи рост дар шароити ҳозираи пуртазод ва мураккаби ҷаҳонишавӣ ба андеша намудан водор месозад.

Дар ҳақиқат, моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳамаи давру замонҳо ва бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза шарти асосии пойдории амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ буда, барои мардуми шарифи Тоҷикистон мафҳумҳои хеле азиз гаштаанд. Зеро сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин мафҳумҳо ва неъматҳои ҳаётбахш (сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ) баъди даргириҳои сиёсӣ ва даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри XX бештар мерасидагӣ шуданд.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, халқи Тоҷикистон, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз он қурбониҳои зиёд, хисороти ниҳоят вазнин ва нақшаи хоинонеро, ки барои қонеъ сохтани нафси бади хеш Ватан, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта, мехостанд ба сари мардуми мо бадбахтиҳои зиёд биёранд, фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯзҳо мо бо боварӣ ва бо дарназардошти сабақҳои талхи солҳои 90-уми асри XX гуфта метавонем, ки мардуми шарифи тоҷик он рӯзҳо ва имрӯз ҳам зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони огоҳу бонангу номуси худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид буда, сохти давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихобу пуштибонӣ кардаанду минбаъд низ мекунанд;

3. Ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ ҳифз намудани сулҳу оромӣ ҳар яки моро водор месозад, ки мутобиқи дастуру супоришҳои дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада ба қадри суботи комили сиёсии Ватани азизи худ расем, зеро он имрӯзҳо на танҳо ба масъалаи аввалиндараҷаи сокинони ҷумҳурӣ, балки ба масъалаи муҳими ҷаҳони муосир табдил гаштааст.

Гузашта аз ин, мутобиқи ҳидоятҳои Сарвари давлат мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки соҳиби касбу ҳунар гаштани насли наврасу ҷавон ва пойдории зиндагонии осудаву фаъолияти самараноки онҳо аз сулҳу оромии кишвар, суботи сиёсии ҷомеа ва бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кардани онҳо вобаста аст. Барои ин, мутобиқи ишораи Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва маблағгузориро ба соҳаҳои афзалиятнок барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон сафарбар намудааст. Барои мисол, дар давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 150 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 524 миллион сомонӣ барои 70 ҳазор нафар хонанда бунёд ва то охири сол пурра ба истифода дода шуда, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 2018 то соли 2021, яъне то ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъмиру таҷдид ва бунёди муассисаҳои таълимиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат асосан ба анҷом расонида, қисми зиёди мушкилоту масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт;

4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахолати берунаи харобкоронаву тақдирсӯзи дар чандин кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва дигар минтақаҳои дунё баамаломадаро мавриди таҳлил қарор дода, зикр менамоянд, ки солҳои охир дар натиҷаи торафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолати эмин мондану дар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад. Дар натиҷаи ин садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар ба тарки манзили зисту ватани худ маҷбур шудаанд;

5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ногувори гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ карда, вазорати идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои пешгирии ин бемориҳо, ки ба обрӯю эътибори мамлакат таъсир мерасонанд, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба ин, таъкид намуданд, ки бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ яке аз мушкилоти замони муосир ба ҳисоб рафта, на танҳо ба соҳаи тандурустӣ дар мамлакати ҷудогона, балки ба иҷтимоиёту иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон хисорот ворид месозанд;

6. Ҳамчунин Президенти мамлакат зимни баромади худ вобаста ба ҳолатҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ дар як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даст ба ҷиноят задани бархе аз роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони соҳа изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ҳамаи муассисаҳои тиббиро вазифадор карданд, ки барои решакан кардани чунин кирдорҳои номатлуб тадбирҳои қатъӣ андешида, ба меҳнати софу покдилона машғул бошанд;

7. Сарвари давлат дар муқоиса ба соли 2000 соли 2018 ба мамлакат 18 баробар зиёд ворид гардидани маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро зикр намуда, ҷиҳати тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш баровардани маҳсулоти мазкур изҳори нигаронӣ намуданд. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «танҳо дар шаш моҳи соли 2018 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд. Чунин ҳолат аз гузоришҳо, натиҷаҳои санҷиш ва таҳлилҳои гузаронидашудаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ баромада, аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ солҳои охир ғайриқонунӣ ба воридот, содирот, коркард, тайёр намудан ва фурӯши маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набуда машғул буда, бе иҷозатнома, бақайдгирии давлатӣ, аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ ва шаҳодатномаи сифат фаъолият менамоянд;

Роҳбари давлат  ҳамчунин  аз  бемасъулиятии  табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  изҳори ташвиш намуданд.

Аз ин сабаб, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дорухонаҳоеро, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад». Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин Сарвари давлат изҳор намуданд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад;

8. Пешвои миллат хотирнишон менамоянд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ғамхорӣ нисбат ба кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша эътибори аввалиндараҷа дода, бо мақсади идома бахшидан ба раванди беҳсозии шароити моддии кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 14 августи соли 2018 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани андозаи музди меҳнати онҳо ба имзо расидааст. Барои тақвияти ин суханҳо метавон зикр намуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз соли 2000-ум то соли 2018 беш аз 100 баробар зиёд карда шудааст;

Гузашта аз ин, бо шарофати истиқлолият ва дар натиҷаи ғамхории доимии Ҳукумат ҳоло дар кишвар ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълимӣ – литсею гимназияҳо, литсейҳои Президентӣ ва мактабҳои байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат, коллеҷҳо ва филиалҳои муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ фаъолият дошта, имрӯз ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик дар беҳтарин мактабҳои олии мамолики пешрафтаи ҷаҳон машғули омӯзиши илму донишанд.

Ҳоло ислоҳоти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо маром амалӣ шуда, тибқи таҳлилҳо, солҳои охир сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар шуда, дар ин самт як қисми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба пешравиҳо ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар аксарияти литсею гимназияҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ афзалият дода шуда, дар натиҷа сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имрӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст;

9. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки дар низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъди таҳсилоти касбии соҳаи тандурустӣ доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон васеъ гардида, шавқу рағбати онҳо ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар гардидааст. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «саъю талоши фарзандони замони истиқлолият моро ба ояндаи неки онҳо эътимод бахшида, бовариро ба он, ки насли ояндасоз минбаъд ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори бештар хоҳад дод, зиёд менамояд»;

10. Сарвари давлат солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат арзёбӣ намуда, роҳандозӣ намудани ҳадафи стратегии давлату Ҳукуматро дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа дастур медиҳанд.

Ҳамин тариқ, комёбиҳои асосии аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ, таҷлили “Рӯзи дониш” ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои ҷудогона ва муассисаҳои тиббии давлатию хусусӣ ба дастоварда аз инҳо иборат аст:

— қабул гардидани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он 16 қонуни соҳавӣ муттаҳид карда шудааст, ҳамчун таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббӣ дар даврони истиқлолият имконият дод, ки як қатор қонунҳои соҳаи тиб таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди соҳаи тандурустӣ асосҳои меъёрии ҳуқуқии муосир фароҳам оварда шуда, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳа, муассисаҳои табобативу пешгирикунанда ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ дар ин самт муайян ва мушаххас гарданд;

— бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис ёфтани якчанд корхонаҳои муштарак боиси беҳтар шудани хизматрасониҳо ба аҳолии мамлакат гардидааст;

— новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идории муассисаҳои тиббии мамлакат, баланд шудани сифати хизматрасонӣ ва фаъолияти босамари онҳо сабаби сол то сол кам шудани шумораи шахсоне, ки барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, гардидааст;

— дар чумҳурӣ Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”, яъне санҷишӣ ба истифода дода шуда, ҳоло фаъолияти пурраи он дар маҳалҳо роҳандозӣ шуда истодааст;

— роҳбарон ва муассисони шифохонаву марказҳои тиббӣ ба касбомӯзии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мусоидат намуда, таҷрибаи пешқадамро дар мамлакат роҳандозӣ менамоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори қаноатмандӣ мекунанд, ки комёбиҳои бадастомада ба аксарияти муассисаҳои давлатӣ ва баъзе муассисаҳои тиббии хусусӣ имконият доданд, ки солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониро ба мардум хеле беҳтар ба роҳ монанд.

Дар маҷмӯъ, гарчанде навсозӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва пас аз таҳсилоти олии касбӣ бо маром идома ёфта, бо татбиқ гардидани усулҳои нави таълим дар аксари ихтисосҳо беҳбудӣ ба мушоҳида расад ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари дастовардҳои зикршуда дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ сифати таълим ва сатҳи дониш ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои талаботи давлатӣ ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои  соҳаи тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки:

— бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ то соли 2021 якҷоя бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳоро вусъат дода, иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд;

— дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъсис додани нуқтаҳои Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” тадбирҳо андешад;

— доир ба фарогирии ҳамаи озмоишгоҳҳои кишвар тавассути санҷишҳои референсӣ, ки дар онҳо дурустии ташхисҳо бори дигар санҷида мешавад, тадбирҳои иловагӣ андешад;

— сатҳу сифати фаъолияти озмоишгоҳҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, кормандони онҳоро аз аттестатсия гузаронад;

— таъҷилан ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе марказҳои саломатӣ, муассисаҳои хусусӣ ва беморхонаҳои муштарак нисбат ба истифодаи таҷҳизоту технологияҳои кӯҳна, маводи дорувории пастсифат, муҳлаташ гузашта, бо роҳи қочоқ воридгардида ва аз ташхис нагузашта.

Дар маҷмӯъ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷоя бо мутасаддиёни вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Нозимҷон НИДОЕВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
мудири кафедраи экспертизаи молҳо
ва фаъолияти гумрукии Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2018 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид