ОФАРИН! Футболбозони навраси Тоҷикистон ба бозиҳои ¼ -ниҳоии Чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар бозии охирини гурӯҳи “А”-и Чемпионати Осиё оид ба футбол байни футболбозони то 16-сола дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Таиланд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда ба даври бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин пирӯзӣ ба ҳамаи мухлисони Тоҷикистон муборак бод!
Вохӯрии дастаҳои мунтахабии Тоҷикистон ва Таиланд мебоист рӯзи гузашта барпо мегардид, аммо аз сабаби борони шадид ин вохӯрӣ ба субҳи имрӯз гузаронида шуд ва он барои мо бобарору шодиовар хотима ёфт. Футболбозони мо тавассути голи аввали Озод Панҷиев дар дақиқаи 39-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо як зарбаи Супанат дар дақиқаи 81-ум дарвозабони мо Мӯҳриддин Ҳасановро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозааш гирад.
Ба натиҷаи мусовӣ, ки ба нафъи дастаи мо набуд шогирдони Зайниддин Раҳимов қаноатманд нашуда се дақиқа пас аз нав ба сафи пеш баромаданд. Тӯбро Ислом Зоиров ба нишон расонид.
Дар бозии дигари рӯз дастаи мунтахаби Япония мизбонони Чемпионат-дастаи мунтахаби Малайзияро бо натиҷаи 2:0 шикаст дода барои дастаи Тоҷикистон ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳ кушод.
Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳарифи худро дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ интизор мешавад.
| Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | Япония | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-2 | 7 |
| 2 | Тоҷикистон | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-7 | 4 |
| 3 | Таиланд | 3 | 1 | 0 | 2 | 7-8 | 3 |
| 4 | Малайзия | 3 | 1 | 0 | 2 | 8-8 | 3 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






