Ғолибони Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ муайян шуданд

Сентябрь 11, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.

Соли равон дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ марҳилаҳои якуму дуюми фестивал дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо баргузор гардида, марҳилаи ниҳоии он 10 сентябр ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир шуд.
Фестивал фарҳангу тамаддуни ғании варзишҳои суннатии мардуми ориёнажодро фаро гирифта, доираи васеи ҳаводорони варзишҳои миллӣ, алалхусус гӯштини ниёгонро ба ҳам овард.

Бо мақсади рушду эҳёи варзиши суннатӣ ва арҷгузорӣ ба намудҳои миллии варзиш навъҳои варзиши мусобиқавӣ ва 10 намуди варзиши суннатӣ ба таври намоишӣ пешниҳод гардиданд.
Сипас, рақобати паҳлавонон аз намуди маъмули барномаи фестивал — гӯштини миллӣ сурат гирифт, ки дар вазни то 60 кило Муҳаммад Баротов аз дастаи Хатлон-1 пирӯз гашт. Дар вазни то 65 кг Ёқубҷон Боқиев аз ВМКБ комёб гардид.

Дар рақобати ниҳоии вазни 70 кило Муҳаммадраҳим Сарахонов аз дастаи Душанбе-1 дастболо шуд. Дар вазни 80 кило намояндаи вилояти Суғд — Ҳамроз Раҷабов пирӯз шуд. Ҳоҷимашраб Раҳмонов  дар вазни 90 кг ба дарёфти медали тилло мушарраф гардид. Дар вазни 100 кг Ғазалшои Давлатшо аз дастаи Душанбе-2 ба комёбӣ ноил шуд. Ниҳоят пирӯзии вазни сангинро паҳлавони ноҳияи Рӯдакӣ — Нурулло Неъматов аз они худ кард.

Дар ҳайати даставӣ мақоми аввал насиби дастаи «Душанбе-2» гардид. Ҷойи дуюмро варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ишғол намуданд.

Зинаи сеюмро паҳлавонони дастаи «Душанбе-1» ба даст оварданд. Ҳамчунин ғолибони зинаи аввал бо 5000 сомонӣ, дуюм бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 1500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сентябрь 11, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд