Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2018: дастаҳои «Истиқлол» ва «Душанбе-83» дар бозии ½-ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунанд

Сентябрь 11, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рақобатҳои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо  дастаи «Душанбе-83»-и пойтахти кишварамон, ки дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ дорад, дар бозии ½-ниҳоӣ бо ҳам  рақобат мекунанд.

Дар бозиҳои баргашти ¼- ниҳоӣ «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо «Истиқлол» вохӯрда, бо натиҷаи 0:6 мағлуб гардид. Бозии аввали ин дастаҳо ҷолибтар буд ва дар он вохӯрӣ «Истиқлол» бо нишондоди 4:3  ғалаба карда буд. Аммо дар бозии дуввум дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар симои «Локомотив-Помир» ба чемпион муқобилияти арзанда карда натавонистанд.

Дар бозии дигари даври ¼-ниҳоӣ «Душанбе-83» бар «Файзканд»-и Хатлон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид ва аз натиҷаи ду вохӯрӣ (1:0, бозии якум) ба бозиҳои ½-ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозии дигари ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» 16 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»  баргузор хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон

¼-финал

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:6

Голҳо: Ҷаҳонгир Абдумуминов, 19 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 28 (0:2). Сиёвуш Асроров, 49 (0:3).  Комрон Турсунов, 62 (0:4). Дилшод Восиев, 69 (0:5). Дилшод Восиев, 90 (0:6).

Пеналтиро ба нишон нарасонд: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»), 34 – дарвозабон.

Огоҳӣ гирифтанд: Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев («Истиқлол»).

«Душанбе-83» – «Файзканд» – 1:0

Гол: Элчибек Рашидбеков, 59.

Огоҳӣ гирифтанд: Бенҷамин Асамоа, Иззатулло Рӯзиев, Бобури Абдулаҳатзода, Дилшод Расулов, Коленс Адухеней («Душанбе-83»), Валиҷон Ҳотамов, Анушервон Наврӯзов («Файзканд»).

Аз майдон ронда шуд: Авуку Калеб («Душанбе-83»), 84 – корти дуюми зард.

 

  

 

 

Сентябрь 11, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд