ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Бинобар корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии Душанбе интиқоли об ба баъзе шаҳраку маҳаллаҳо муваққатан қатъ мегардад

Сентябрь 24, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» тасдиқ  гардид.

Ин амал бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ  ба  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  роҳандозӣ мегардад. Тибқи  ин нақшаи тасдиқшуда,  дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии мазкур интиқоли оби нӯшокӣ  муваққатан катъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Фишорӣ» интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони  ноҳияи Сино ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ  аз соати 23:00 рӯзи 3 октябри соли 2018 то соати 24:00 рӯзи 4 октябри  соли 2018  қатъ мегардад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Кофарниҳон» интиқоли оби нӯшокӣ дар  маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур  аз соати 23:00 рӯзи 10 октябри соли 2018 то соати 24:00 рӯзи 11 октябри  соли 2018 қатъ мегардад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и  ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои  10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами  ноҳияи Сино ва  дар ноҳияи Фирдавсӣ дар  кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе   аз соати 23:00 рӯзи 17 октябри соли 2018 то соати 24:00 рӯзи  18 октябри  соли 2018 қатъ мегардад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии  «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» дар маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва  Ханжини  ноҳияи Сино  аз соати 23:00 рӯзи 31 октябри соли 2018 то  соати  24:00 рӯзи 1 ноябри  соли 2018  қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз  истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвали мазкур  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе,  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар қарори мазкур ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  супориш дода шудааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Сентябрь 24, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад