Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ширкат мекунанд

Сентябрь 12, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон 32-юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд,    барои ширкат дар мусобиқа 815 нафар варзишгарон аз 131 кишвар дархост пешниҳод кардаанд. Аз ҷумҳурии мо барои иштирок дар мусобиқаи рақами 1-и дзюдои ҷаҳон 10 нафар номнавис шудаанд:

 

Вазни -60 кг
Боқиев Суҳроб

Вазни -66 кг
Боқиев Ёқубҷон

Вазни -73 кг
Хоҷазода Беҳрӯз
Маҳмадбеков Сомон

Вазни -81 кг
Муродов Акмал

Вазни -90 кг
Устопириён Комроншоҳ

Вазни -100 кг
Саидов Саидҷалол

Вазни +100 кг
Мирмамадов Шакармамад
Раҳимов Темур

Вазни -57 кг миёни бонувон
Қаландарова Шоҳида

Ёдовар мешавем, ки  дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони ҷои аввали чемпионат соҳиби 2000 хол, ҷои дуюм 1400 хол ва ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия  дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

 

Сентябрь 12, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд