Пешвои миллат: «Таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ — донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир орзуи ҳар наврасу ҷавон мебошад»
ДУШАНБЕ, 20.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки намояндагии донишгоҳҳои зикршударо дар кишварамон таъсис дода, дар заминаи онҳо ҷавонони худро барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои зикршуда омода созем. Ин матлабро имрӯз зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе иброз доштанд.
Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ зикр карданд, ки «муассисаи навбунёди имрӯза, яъне Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ бунёд гардидааст. Дар бинои якуми муассиса ошхона, нуқтаи тиббӣ, китобхонаву синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва барои хонандагони аз 7 то 11 — сола ҷойгир шудаанд. Китобхонаи муассиса дорои китобхонаи электронӣ буда, он ба шабакаи китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст мебошад ва дар он барои омӯзгорону хонандагон имконияти дастрасӣ ба адабиёту иттилооти зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳайати омӯзгорону устодон аз ҳисоби беҳтарин мутахассисони Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд. Омӯзгоронро дар ҷараёни таълиму тарбия ассистентҳои соҳибкасби риштаҳои педагогика ва психология кумаку роҳнамоӣ мекунанд.
Муассиса ҳамкории мутақобилан судмандро бо яке аз ширкатҳои маъруфи Британияи Кабир – «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» ба роҳ мондааст, ки он бо 370 муассисаи таълимии 25 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо, Амрико, Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо ҳамкорӣ менамояд.
Президенти мамлакат ҳамчунин зикр карданд, ки пас аз хатм ба шогирдони мактаб ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода мешаванд ва онҳо метавонанд минбаъд таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва мамолики дигар идома диҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






