ПИРӮЗИИ БОНУВОНИ ТОҶИК ДАР ГУРҶИСТОН! Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шатранҷ байни занон дастаи мунтахаби Непалро мағлуб сохт
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 25 сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, бар дастаи мунтахаби бонувони Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дохил буданд. Марворид Насриддинзода бар Сушила Гуруна, Антонова бар Синдира Ҷоши, Ҳотамӣ бар Сузана Лоҳани ва Абророва бар Моналиша Хамбоо ғолиб омаданд.
Баъди ду даври мусобиқот Антонова 1,5 имтиёз ва се шатранҷбози дигари тоҷик якимтиёзӣ гирифтанд.
Вале дар даври дуюм дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Алишер Каримов (капитан Ҷамшед Исоев) аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Танҳо Фаррух Амонатов бар Давид Навра ғолиб омад. Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев аз Виктор Лазника, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев аз Ҷири Стосек ва Каримов аз Петер Мичалик мағлуб шуданд. Пас аз анҷоми ду даври мусобиқот Амонатов 2 имтиёз, бародарон Муҳаммад ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо, инчунин Амин Қобилов якимтиёзӣ доранд, вале Каримов, ки як бозӣ кардааст, имтиёзе ба даст наовард.
Ёдовар мешавем, дар даври аввали Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 24 сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардид, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон бар дастаи Лесото бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Вале дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Чин бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб гашт.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври дуюм дар байни 150 дастаи занона 8 даста – Ҳиндустон, Озарбойҷон, Ветнам, Руминия, Куба, Туркия, Юнон ва Аргентина — бо 8-имтиёзӣ пешсафанд. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо 4,5 имтиёз ҷойи 67-умро касб намудааст.
Дар сабқати мардона 7 дастаи пешқадам – Франсия, Полша, Ҳолландия, Перу, Словакия, Бразилия ва Бангладеш — 8-имтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар байни 150 кишвар дар мақоми 66 қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми, ки имрӯз, 26 сентябр барпо мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ямайка ва дастаи мардонаи шатранҷбози тоҷик бо дастаи мунтахаби Тайланд рақобат мекунанд.












Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






