Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе Фестивали анвои хӯрокворӣ ва пуфакҳои ҳавоӣ баргузор мегардад

Сентябрь 21, 2018 12:29

ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 сентябри соли равон  дар Маҷмааи давлатии «Нарӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Фестивали хӯрокворӣ ва пуфакҳои ҳавоӣ таҳти унвони «Осмони рангоранги Пур-Нур» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар он таомҳои миллӣ аз гӯшт, моҳӣ, намудҳои гуногуни питзо, нӯшокиҳо ва шириниҳо, ки хоси мардумони гуногуни сайёраанд, ба сокинону меҳмонон пешкаш мегарданд.

Намояндагони тарабхонаҳову қаҳвахонаҳо, инчунин сафоратҳои Россия, Британияи Кабир ва ИМА таомҳои гуногун пешкаш хоҳанд кард. «Таомҳои миллии ӯзбекӣ, ҳиндӣ, амрикоӣ, англисӣ, русӣ, итолиявӣ, японӣ ва ғайраҳо дар ин фестивал пешкаш карда мешаванд», — зикр намуд манбаъ.

Барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ ва озмунҳо доир карда мешаванд.

Дар доираи фестивал мастер-классҳо ва тренингҳо низ баргузор мегарданд.

Сипас беҳтарин ҳавонавардҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пуфакҳои ҳавоиро ба осмон мебароранд.

Дар фарҷоми фестивал бо иштироки сарояндагони маъруфи тоҷик консерт доир мегардад.

Сентябрь 21, 2018 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд