Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид.
Дар ин бора муовини ректори ДМТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Хайрулло Ғафуров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадюсуф Имомзода дирӯз, 20 сентябр дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия дар Анҷумани 3-юми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ба ин вазифа таъйин карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар Анҷумани мазкур роҳбарон ва намояндагони беш аз 70 муассисаи таҳсилоти олии касбии бонуфузи 9 давлати дунё ширкат намуданд.
Зимни баррасии номзадон ба ин вазифа дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани усулҳои нави идоракунӣ, рушд ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи илм, таҳсилот, ҳамкории байналмилалӣ, ҳамгироии муваффақи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ бо ҳамкорони хориҷӣ, таъсис ва пешбурди муваффақонаи шӯроҳои дифои рисолаҳои илмии байнидавлатӣ ба назар гирифта шуданд.
Ба гуфтаи Хайрулло Ғафуров, дар Анҷуман дастовардҳои ДМТ ҳамчун намунаи пешқадам пазируфта шуда, барои татбиқ дар дигар донишгоҳҳои аъзои Ассотсиатсия тавсия гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё соли 2012 аз ҷониби 29 донишгоҳи 9 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис дода шуда, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба муҳлати 2 сол вазифаи президентии онро ба уҳда хоҳад дошт.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






