«САЛОМАТИИ ОДАМОН НА ТАНҲО АЗ САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ, БАЛКИ АЗ ХУДИ ОДАМОН НИЗ ВОБАСТА АСТ». Суҳбати АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода

Сентябрь 15, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нақшаи чорабиниҳоро барои мукаммалгардонии хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сифати ташхисгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳия кардааст.

 Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида УМАРЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  Хуршеди ХОВАР иброз дошт, ки дар ҳақиқат дар соҳаи ташхиси тиббӣ мушкилот вуҷуд доранд ва он таъкидҳое, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино карданд, комилан дурустанд. 

Ба гуфтаи Саида Умарзода, ҳоло ҳудуди 1300 адад озмоишгоҳҳо дар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои ҷумҳурӣ, 116 адад дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунанд, ки вазифаи онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ташхис ва муайян кардани бемориҳо мебошанд. Дар ҳақиқат мушкилот дар ин соҳа вуҷуд доранд.

Ҳол он ки соли 2017 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш»-и Маркази миллии тиббӣ як озмоишгоҳи миллии референсӣ барои муоинаи тиббӣ кушода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва кумаки техникии Бонки германии  рушд фаъолият дорад. Ҳадафи ин озмоишгоҳ тафтиши дурустии тамоми озмоишҳо мебошад.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимомм аҳолӣ барои баланд бардоштани иқтидори кадрии ин озмоишгоҳ, омода кардани озмоишгоҳ барои озмоишҳои референсӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо фармоиш омода карда истодааст ва умед аст, ки он фаъолияташро барои гузаронидани ташхисҳои референсӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо оғоз мекунад.

Саида Умарзода мегӯяд, ки яке аз мушкилоти соҳа-ин дастрасии реактивҳо  барои  ташхис мебошад. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд сифати реактивҳоро сари вақт тафтиш ва ҳар роҳбари соҳаи тандурустӣ хариди реактивҳо ва муҳлати истифодаи онҳоро риоя кунад.

Ҳамзамон номбурда гуфт, ки дар баробари сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ бояд сокинон ҳам барои сиҳатии худ талош варзанд. Саломатии ҳар як нафар, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст. Баланд бардоштани маърифати санитарӣ ва тиббии аҳолӣ низ зарур аст. На фақат корманди тиб бояд ҷавобгӯи саломатии одамон бошад, балки худи шаҳрвандон низ  барои саломатии худ зарур аст, ки  кӯшиш кунанд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани духтурони дандон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳое, ки боиси ба бемории сироятӣ гирифтор шудани сокинон мешаванд, ҳимоят кард. Ба маълумоти ӯ, имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор дар дандонпизишкиҳо ва кошонаҳои ҳусн санҷишҳо гузаронида шуда, нисбат ба баъзе аз ин муассисаҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.

Дар робита ба амалиёти хатна Саида Умарзода таъкид кард, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши алоҳидаеро ба тасвиб расонда, ба тамоми муассисаҳои тандурустӣ ирсол намуд. Тибқи ин фармоиш, амалиёти хатна танҳо аз тарафи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мутахассисони дорои сертификат ва дар ҳуҷраҳои алоҳида гузаронида мешавад.

Хатна дар ҳуҷраҳои махсус дар беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода мешавад ва ҳамчунин тавассути «Корвони саломатӣ» мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳое, ки муассисаҳои тиббӣ намерасанд, амалиёти хатнаро анҷом медиҳанд. Хушбахтона, қисми зиёди аҳолӣ аллакай дарк кардааст, ки амалиёти хатнаро дар муассисаҳои тиббӣ анҷом додан зарур аст. Мутаассифона, солҳои пеш амалиёти хатна аз сӯи устоҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ сурат мегирифт, ки баъзан натиҷаи он  ба фавти кӯдакон мерасонид.

Дар робита ба мавзӯи никоҳи хешу таборӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод ба амалӣ шудани муоинаи тиббии ақди навхонадорон омода ҳастанд ва дар шаш моҳи соли равон 45 ҳазору 354 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Соли 2017  зиёда аз 105 ҳазор нафар навхонадорон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Худи мардум бояд мафҳумҳои хешу табориро дарк кунад ва барои пешгирии бемориҳои қабл аз ақди никоҳ мубориза барад.

Сентябрь 15, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад