«САРВАРОНИ ДУ ДАВЛАТ АФСОНАРО БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ДОДАНД!». Мулоҳизаҳои як сокини оддии Душанбе дар бораи сафари давлатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Сентябрь 6, 2018 15:44

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин сафари давлатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 рух дод ва зимни он чандин  санади  муҳим ҷиҳати равнақ ва тавсеа бахшидагни ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар гардид,  дар байни аҳли ҷомеа ҳамовозӣ ва ҳамраъйии  гарму самимӣ ба амал овард. Дар номааш ба АМИТ «Ховар» як сокини оддии шаҳри Душанбе чунин навиштааст:

Сафари давлатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  ки рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 рух дод, дар таърихи ин ду кишвар дар ҳақиқат беназир буд. Инро ҳама мегӯянд. Чунки бисёриҳо дар ин ду кишвар хешу табор ва дӯстони зиёд доштанд. Ҳар сол дар замони шӯравӣ мардуми зиёд аз Тоҷикистон ба тамошои Бухорову Самарқанд мерафтанд. Дар навбати худ ӯзбекон барои истироҳату гирифтани табобат аз обҳои шифобахши Тоҷикистон ба кишвари мо меомаданд. Афсӯс, ки ҳамаи ин дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1 номумкин шуд. Мардум аз қавли Ҳофиз мегуфтанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Соли 2018 тамоми деворҳои баста барои ҳамаи мардуми ду кишвар кушода шуданд, дарахти абадии дӯстӣ шинонида ва ниҳоли душманӣ канда шуд.

Ман аслан зодаи Бойсун ҳастам. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта барои таҳсил ба Душанбе омада, ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шудам. Тӯли панҷ сол дар факултети сохтмонӣ таҳсил карда, ин макони илму маърифатро хатм кардам. Тақдир ҳамин тавр шуд, ки Душанберо макони зиндагии худ интихоб кардам. Дар ин шаҳри шукуфон, ки сол то сол боз ҳам зеботар мешавад, ман рӯзгори беҳтарин дорам, вале пас аз пош хӯрдани шӯравӣ ба дидори падару модар, бародарону хоҳарон ва даҳҳо хешу табори зиёд расидан мушкил шуд. Бечораҳо ҳатто бо виза ҳам омада наметавонистанд. Кор то ҷое расид, ки ҳангоми вафоти падару модари азизам бо азоб рафтем. Ин мушкилиҳо на фақат барои ман, балки барои ҳазорон одамон буд.

Бинед, байни Душанбе ва Бойсун, каме ё бештар аз 200 километр аст, вале одамон барои виза гирифтан ба Тошканд мерафтанд, сарсону саргардонӣ, ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳо, боз дар сарҳад чӣ азобҳое буд, ки ногуфтанӣ. Худоро шукр, ки ҳамааш  паси сар шуд.

Ба наздикӣ падарарӯси 83-сола (Раҳматулло Неъматуллоев) ва хушдоманам, ки он кас ҳам ба синни 80 наздик ҳастанд, ба Душанбе омаданд. Онҳо чандин бор ҳангоми бемории духтарашон ба Душанбе омадан мехостанд, вале наметавонистанд. Бо гиря ва дилшикастагӣ ба хона  бармегаштанд. Ҳоло ба Душанбе, ба хонаи ман омада, аз шодӣ  гиря мекарданд. Ман пурсидам, ки:

– Ҳоло роҳҳо хуб, осон омадед, акнун чаро гиря мекунед?

Бароям ҷавоб доданд:

– Аз шодӣ гиря мекунам. Бачем, фақат ман гиря намекунам. Бисёриҳо гиря мекунанд. Дар роҳ аз тарафи сарҳад аз Бухоро, Шаҳрисабз, Китоб, Деҳқонобод, Тирмиз, Деҳнав марду зан дар як автбус то сарҳад омадем. Ҳамаи онҳо аз шодӣ гиря мекарданд. Бо оби дидаву хушҳолона гап мезаданд. Бовар кун, дар роҳ ҳама дар ҳаққи ин ду подшоҳ (ду Президент) дуо мекарданд.

Баъд ман боз пурсидам:

– Ин дафъа аз сарҳад чӣ хел гузаштед?

– Росташро гӯям, мисли афсонаҳои қадимӣ, ки аз бобою бибиҳоямон шунида будем.

– Яъне чӣ тавр?

– Бачем, дар афсонаҳо мо шунида будем, ки дар як шаб дунё дигар шуд. Шоҳзода бо ёрии париҳо дар чил рӯз қасре сохт, ки ақл бовар намекунад. Дар як дам ба асп савор шуду аз ин мамлакат ба вай мамлакат рафт. Ин ҷо ҳам айнан ҳамин тавр шуд.

– Равшантар гап занед.

– Солҳои пеш барои аз сарҳад гузаштан агар ҳамагӣ 20 кас бошем ҳам, 4-5 соат азоб буд. Тафтиш, кисаро коб, халтая коб, пурсуҷӯ! Дӯғу пӯписа. Бачем, ҳоло ҳамааш мисли афсона шудааст. Мо қариб 30 кас аз автобус фуромадем. Бовар кун, дар 10-15 дақиқа гузаштем. Аз ҳама аҷибаш ҳамин ки сарҳадбонҳо ҳамин қадар хушмуомила шудаанд, ки мондан гиред: «Марҳамат бобоҷон, марҳамат бибиҷон, марҳамат амакҷон, хуш келибсиз, оқ йӯл».

Дар сарҳади Тоҷикистон як аскарбача, Худо умраш дароз шавад, ҳамин борхалтаи маро, ки барои набераҳоям туҳфа гирифта будам, то таксӣ оварда монд. Пурсид, ки чандсола ҳастед, мӯйсафед? Гуфтам, ки 83-сола. Боз гуфт, ки «э дар ришатон садқа-е, кошки моро ҳам Худо ба умри Шумо расонад, роҳи сафед бобоҷон!». Ман аз ин ғамхорӣ аз шодӣ боз гиря кардам, бачем. Ин ҷавон борхалтаи моро то таксӣ овард. Фикр кардаму барои бардошта омаданаш каме пул доданӣ шудам. Медонӣ, вай бача хандиду гуфт, ки «бобоҷон, ин айб мешавад». Баъд вай маро ба таксӣ савор карда, ба ҳолам намонда, пули таксиро ҳам дод. Бачем, ин ҳама мисли афсона аст.

Ана ин аст натиҷаи дӯстию муҳаббат, ки як байти Хусрави Деҳлавиро ба ёд меорад:

Бинои дӯстӣ чун маҳкам афтад,

Халал з-осеби давронаш кам афтад.

Имрӯзҳо ин гуна гапҳо: «дӯстии абадӣ», «дӯсти ҷонӣ», «дӯстони меҳрубон», «дӯстии маҳкам» ва ғайра дар байни мардум хеле зиёд шудаанд. Ба наздикӣ ман бо корҳои худам ба Панҷакент рафтам. Ин ҷо шодию нишоти мардум боз ҳам аҷибтар аст. Дар ин ҷо низ мардум ашкрезон аз сафари таърихии Пешвои миллат ёд мекунанд. Мегӯянд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳазорон сайёҳон ба Самарқанд мераванд ва аз он тараф ба Панҷакенту Душанбе меоянд.

Дар ҳама ҷо ин гуфтаи Пешвои миллат даҳон ба даҳони мардум аст: «Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷикону ӯзбекон мебошанд».

Ин воқеа, ки  соли 2018 шуда гузашт, аҳамияти бенаизри таърихӣ дорад. Дар ҳақиқат ду сарвари кишвар кори беҳамто карданд. Ба гуфти Пешвои миллат, «Пояндаву безавол бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!»

Баҳром ҶАББОРОВ,
муҳандиси сохтмон,
истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе

 

Сентябрь 6, 2018 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда