Шаҳбоз Неъматуллоев чемпиони ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён гардид!
ДУШАНБЕ, 7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён, ки дар Россия баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.
Бояд зикр намуд, ки варзишгари тоҷик дар даври ниҳоии Чемпионат дар вазни то 81 кг бо боксчии Россия Муҳаммадрасул Сулаймонов вориди рақобат шуд.
Дар даври аввали рақобат муштзани тоҷик нисбат ба рақиб бартарӣ нишон дод. Дар даври дуюм варзишгари тоҷик ин бартариро пурра ба ихтиёри худ гирифт ва муштзани Россия ба он тоб оварда натавонист.
Ҳамин тариқ, Шаҳбоз Неъматуллоев пирӯз шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни донишҷӯён соҳиб гардид.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Неъматуллоев аввалин муштзан аз Тоҷикистон мебошад, ки ба чунин натиҷа соҳиб мешавад.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






