Шаҳри Остонаи Қазоқистон мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин-2019 интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling) эълон кард, ки аз 14 то 22 сентябри соли 2019 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин (гӯштини озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон) доир мегардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати ҷаҳон дар соли 2019 нахустин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хоҳад буд.
«Боварии комил дорам, ки чемпионати ҷаҳон дар Остона барои варзишгарон, мураббиён ва мухлисон хотирмон хоҳад шуд», — гуфтааст президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович.
Бояд зикр, ки ғолибони 6 вазни олимпӣ дар гӯштини озод, 6 вазн дар гӯштини юнонӣ-римӣ ва 6 вазн дар гӯштини бонувон соҳиби аввалин роҳхатҳои олимпӣ мегарданд. Роҳхатҳои дигар дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва интихобӣ дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳони соли 2018 оид ба гӯштин 20-28 октябр дар шаҳри Будапешти Венгрия баргузор мешавад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






