Суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Рӯзи дониш», ки имсол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сархати матбуоти даврии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (03.09.2018, №173) дар ин шумораи худ суханронии Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Ба савганди худ ҳамеша содиқ бошед» нашр намудааст. Пешвои миллат зимни суханронии пурмуҳтавои худ ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ карда, изҳор намуданд: «Ман борҳо таъкид кардам, ки вориси Абуалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».

Инчунин дар ин шумора матлабҳои дигар бо сарлавҳаҳои «Авиатсияи гражданӣ. Тоҷикистон кишвари транзитӣ хоҳад шуд», «Маориф. Ҷалби омӯзгорони рус ба Тоҷикистон», «Либоси мактабӣ. Таъмини сифат ва рақобатпазирӣ» чоп шудаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (04.09.2018, №174) мақолаи профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон» нашр шудааст. Мақолаи мазкур дар партави сафари давлатии Пешвои миллат ба Ӯзбекистон навишта шуда, дар он оид ба равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаҳои муаллиф дарҷ гардидаанд.

«Таърих дар тӯли чандсад сол миллати тоҷику ӯзбекро чунон пайванд намудааст, ки онҳоро ҷудо кардан мушкил аст. Мардумоне, ки дар ҳар ду кишвар дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд, ҳамеша ба ғаму шодии якдигар ҳамроҳ буданд. Ҳоло фурсате расидааст, ки пажӯҳандагон ба таърихи гузаштаи ин ду миллат, бунёди аслии пайванди амиқи он, ба таври одилона, оқилона ва мантиқона машғул шаванд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, бо дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ чунин фарҳанге ба вуҷуд омад, ки он водор менамояд, то тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша дар канори ҳам бошанд ва аз он ибрат гиранд»,-навиштааст муаллиф.

Дар ин шумора инчунин матлабҳои зеринро мутолиа намудан мукин аст: «Рашт. Дар ҳоли рушду шукуфоӣ», «Китоб ва пойдории миллат», «Ғарибошно бошу сайёҳдӯст», «Об ва ҳадафҳои даҳсолаи нав», «Истиқлолият. Хуршеди беғуруб», «Тоҷикистон. Истихроҷ дар рушди иқтисод нақши калидӣ дорад».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (05.09.2018, №175) Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бардошт ва таассуроти худро аз сафар ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зери сарлавҳаи «Гарди домани мард» нигоштааст. Дар матлаби мазкур муаллиф аз ободиву шукуфоии на танҳо Мастчоҳи кӯҳӣ, балки шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент, ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон ва Айнӣ, ки бо шарофати ғамхориву таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, сухан карда, хурсандиву сарфарозии мардуми ин минтақаро махсус зикр намудааст.

«Тоҷикистон. Қаламрави таърихии рушди сайёҳӣ», «Таҳлил. Ҳанӯз ҳам санъаткорони андозгурез ҳастанд», «Истиқлолият. Озодӣ ва арзишҳои динӣ», «Иғвоҳои наҳзатӣ дар ҳавои салтанатхоҳӣ», «Қалъаи Кум. Манзаре барои шинохти таърихи миллат» матлабҳои ин ҳафта нашрнамудаи рӯзнома ҳастанд, ки хонандагон метавонанд мутолиа намоянд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (01.09.2018, №107) дар саҳифаи аввали худ аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 августи соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, «Иттилоия» нашр кардааст.

Инчунин дар ин шумора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991–2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ чоп шудааст.

Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин дар бораи қадрдонии намояндагони Ӯзбекистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногуни Тоҷикистон маълумот нашр шудааст.

Матлабҳои дигари ин шумора зери сарлавҳаҳои зерин нашр гардидаанд: «Муқаддас Носирзода: Бе саҳмгузории волидон таълиму тарбия самара намедиҳад», «Хуҷанд. Вазъи мусофиркашонӣ беҳтар гардид», «Рен Ху Лиан: Тоҷикистон макони сайру саёҳат аст», «Чаро палос ва гилемро дар мағозаву намоишгоҳҳо намебинем?», «Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ».

Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (04.09.2018, №108) низ суханронии Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро зери сарлавҳаи «Вориси Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест» нашр карда, аз таҷлили рӯзи дониш гузориши алоҳида нашр кардааст.

Таҳти унвони «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, гузориш нашр шудааст.  Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи як қатор қонунҳо муҳоқима гардида, барои баррасӣ ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (05.09.2018, №36) дар шумораи навбатии худ аз таҷлили «Рӯзи дониш», ки имсол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд, таҳти унвони «Лидер нации провёл «Урок мира» гузориш нашр кардааст. Нашрия бо иқтибос ба суханронии Пешвои миллат менависад, ки «дар аксари муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамон мегардад.

«Иммануил  Кант дар бораи тарбияи инсон ва ташаккули шахсият» бо чунин сарлавҳа мақолаи илмии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов рӯи чоп омадааст. Дар мақола мавзӯи баҳсро таҳлил ва андешарониҳои файласуфи машҳури немис Иммануил Кант оид ба тарбия ва ташаккули шахсият дар бар мегиранд.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (06.09.2018, №36) зери унвони «Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир» гузориши васеи рӯзноманигор Шодихони Назарро аз ҷараёни Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, нашр кардааст.

«Рушди варзиш дар 27 соли соҳибистиқлолӣ» мақолаи таҳлилиест, ки рӯзноманигори нашрия Шаҳбози Асомиддин навиштааст. Дар матлаби мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки соҳаи варзиши кишварро аз солҳои аввали истиқлолият то ба имрӯз таҳлил намуда, бурду бохти онҳоро бозгӯ намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора мақолаҳои «Истиқлолият-роҳкушои ҷавонон», «Истиқлолият аз нигоҳи ҷавонон», «Истиқлолияти давлатӣ», «Заминаи ислоҳоти конститутсионӣ» ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (05.09.2018, №36) дар саҳифаи аввали худ нигоштаи рӯзноманигор Ҷумъахон Сайдалиро таҳти унвони «Паёмовари нишот», ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, нашр кардааст. Дар ин матлаб муаллиф манависад: «Хуршеду маҳ дубора чеҳра барафрӯхтанд, ситорагон боз ба чодари зарнигори шаб зеб бахшиданд. Ғурури шерону палангон баргашт, уқобу шоҳин ба парвоз омаданд, ҳазордастон бо навои нав рӯ ҷониби Ватан ниҳод. Кӯҳпояҳои дигари миллат рӯ ба сабзиш оварданд, кӯҳсорони сар бар афлок аз нав қомат барафрохтанд.

Он худафрӯз паёми нишот оварда буд…»

«Сиёсатмадори ҷавон ва кордону ботадбир» мақолаи Фирӯз Сайнозимзода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар бораи кордониву хирадмандӣ ва саховатмандиву хайрхоҳии Рустами Эмомалӣ – фарзанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигошта шудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф фаъолияти босамари Раиси шаҳри Душанберо зикр карда, иброз медорад, ки дар баробари ин Рустами Эмомалӣ шахси бисёр ҳам хоксору фурӯтан ва фарзанди сазовори Пешвои миллат аст.

«Рустами Эмомалӣ дар тамоми зинаҳои фаъолияташ поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро шеваи асосии фаъолият қарор додаву медиҳад. Вижагии дигари фаъолияташ он аст, ки дар ҳама кор низому тартиботро ба таври бояду шояд ҷорӣ менамояд. Дар баробари ин, фурӯтанию хирадмандӣ, шикастанафсию шуҷоатмандӣ ва ростқавливу ҷавонмардии ин шахсият камназир буда, намунаи ибрат ва шоёни арҷгузорист».

Инчунин дар ин шумора матлабҳои «Моҳиҳои «тиллоӣ»-и Норак. Ва ё нархи осмонии «дунгу давҳо», «Ҷаҳон зидди пластика. Мо чӣ?», «Вақте дил месӯзад… Ва ё достони касе, ки хайрхоҳи дигарон аст», «Истиқлолият-пайки саодат» чоп шудаанд.

 

Сентябрь 6, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда