Таэквандочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби 8 медал гардиданд

Сентябрь 12, 2018 08:32

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар Чемпионати кушоди Осиё, ки дар шаҳри Атерауи Қазоқистон баргузор шуд, ба гирифтани 8 медал мушарраф гардид.

Тавре аз  Федератсияи таэквандо WTF-и Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 8 ва 9  сентябри соли равон сурат гирифт. Аз миёни таэквандончиёни тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кг ва Амал Иброҳимов дар вазни 59 кг барандагони медали тилло гардида, унвони ифтихории чемпиони аввалин мусобиқаи кушоди Осиёро соҳиб шуданд.

Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кг, Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кг ва Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов ба дарёфти мақоми дуюми мусобиқоти мазкур комёб шуданд. Ҳамзамон ба се тан аз варзишгарони дигари тоҷик, бо шумули Насиба Давлатова, Лутфуллои Алиҷон ва Асланбек Фозилов муяссар шуд, ки ба гирифтани зинаи сеюм ва нишонҳои биринҷӣ даст ёбанд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF аз нахустин Чемпионати кушоди Осиё бо 8 медал, аз ҷумла ду тилло, 3 нуқра ва се биринҷӣ ба Ватан баргашт.

 

Сентябрь 12, 2018 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд