Тоҷикистон мизбони бозиҳои муқаддамотии интихобии олимпии соли 2020 оид ба футболи бонувон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 4.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мизбони бозиҳои муқаддамотии интихобии олимпии соли 2020 аз намуди футболи бонувон интихоб гардид. Солҳои охир Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон эътимоди беандоза дошта, дар мамлакати мо як зумра мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ барпо менамояд. Худи ҳамин сол дар Тоҷикистон марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни дастаҳои бонувони то 16 ва 19-сола гузаронида мешавад. Бар замми ин боз як мусобиқаи сатҳи баланд —даври аввали мусобиқоти интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” –и Осиё байни дастаҳои мунтахаби футболи бонувон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардид.
Аз рӯи тақвим, мусобиқаҳо аз 4 то 13 ноябр дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе барпо мегарданд. Дар он дастаҳои мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон, Тайбэйи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон ширкат меварзанд.
Тибқи натиҷаи ин мусобиқа, ғолиб ва дастае, ки дар гурӯҳ ҷойи дуюмро сазовор мешавад, мустақиман ба бозиҳои оянда роҳхат мегирад. Инчунин дастаи беҳтарини ҷойи сеюм низ имкон дорад аз рӯи натиҷаи беҳтар нисбат ба дигар гурӯҳҳо озими даври дуюм гардад.
Даври 1-ум
4 ноябр (якшанбе)
Сингапур – Филиппин
Муғулистон – Тоҷикистон
Даври 2-юм
6 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Тайбэйи Чин
Муғулистон – Сингапур
Даври 3-юм
8 ноябр (панҷшанбе)
Тайбэйи Чин – Муғулистон
Филиппин – Тоҷикистон
Даври 4-ум
11 ноябр (якшанбе)
Филиппин – Муғулистон
Сингапур – Тайбэйи Чин
Даври 5-ум
13 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Сингапур
Тайбэйи Чин – Филиппин








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






