«ТУ НЕКӢ КУНУ АНДАР ДАҶЛА АНДОЗ…». Лавҳае аз ҳаёти як кӯдак ё худ ситоиш аз сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат дар робита ба ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон

Сентябрь 23, 2018 09:24

ДУШАНБЕ, 23.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар чунин иброз намуданд: «Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки  солҳои охир дар кишварамон дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо  ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Чунин рафтори саховатмандона, бешубҳа, аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аъзои ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад….».

Лавҳаи шореҳи адабии АМИТ «Ховар», нависанда ва публисист Мансур СУРУШ ба ҳамин мавзӯи муҳим бахшида шудааст.

…Ҳар ташрифи духтари калониам ҳамроҳи наберачаам, ки ба мӯҷиби аксари рӯзҳо то бевақтӣ дар ҷойи хизмат мондани домодамон тез-тез рух медиҳад, барои ман ва алалхусус ҳамсарам иди воқеист. Агарчи Муҳаммади шӯху беқарор, ки ҳоло чаҳоруним сол дорад, дар як он метавонад ҳамаро тагурӯ кунад, бибиаш танҳо бо қаҳри дурӯғин вайро сарзаниш менамояду бас. Вале Худо накунад, ки чизеро ман тасодуфан ноҷо гузорам. Дуруст аст, ки ҳама кӯдак дар ҳуҷра дилтанг мешавад ва Муҳаммадҷони мо ҳам дархости кӯчабароӣ мекунад. Гоҳо агар дар ин амал даранг шавад, фиғонаш мебарояд.

Мо бо камоли майл вайро ба боғу қаҳвахонаҳо мебарем, ки ӯ дар он ҷойҳо бо ҳавас картошкабирёни дӯстдоштаашро якҷо бо кола мехӯрад. Дар вақтҳои сайру гашт ман мекӯшам, ки аз набераи тезҳаракату бодпоям чашм наканам, вагарна ба ӯ расидан мушкил мегардаду ба бероҳа мебарояд. Алалхусус агар дучархаашро зин зада бошад.

Боре ман ба аквапарк бурдамаш ва ӯ то дергоҳ он ҷо хушҳолона оббозӣ кард. Дар роҳи бозгашт вай маро ба як маркази бозиҳои кӯдаконаи барояш ошно кашола карда, даровард. Сипас боз чунин як марказро дида, майли он ҷо даромадан кард. Аммо ман ӯро боздоштам, зеро дар ҷайбам дигар пул намонда буд. Базӯр наберачаро розӣ кунонидам, ки ба хона баргардем. Модару бибиаш ҳам ҳар замон аз тариқи телефони ҳамроҳ занг зада, хавотиромез таъкид менамуданд, ки боз аз кӯдак бехабар намонам.

Дар он рӯзи хушҳаво кӯча серодам буд. Ин дам дар канори пиёдароҳ як аробачаи маъюбӣ пайдо шуд, аслан аробача ҳам не, ҳамин тавр тахтачаи чоркунҷаи ғилдиракдор. Рӯи он марди солдидае менишаст, ки ҳарду пояш аз зону хеле боло набуд. Аробача бо кумаки духтарчаи лоғарандоми тақрибан 10-11 сола пеш мерафт, ки эҳтимол фарзанди марди маъюб буд. Аз дидани ин манзара дилам таҳ кашид, вале зуд фаҳмидам, ки дили танҳо ман не, балки Муҳаммади хурдсол низ. Баъзе одамони раҳмдил ба маъюб пул дароз мекарданд.

Ман хостам роҳамро идома диҳам, вале наберачаам нагузошт ва аз ман пул талабид. Ҳарчанд фаҳмонданӣ шудам, ки дигар пул намонд, вай ҳамоно зорикунон пофишорӣ мекард. Ба кисаам даст бурда, чанд дирам ёфтам ва ҳарчанд кироӣ набуд, ба кафи наберачаам ниҳодам. Вай муштчаашро гиреҳ намуда, дунболи аробача давид, ки оҳиста пеш мерафт, аз афташ духтарча хаста шуда буд. Муҳаммад ба аробача расида, хомӯшона панҷаашро кушод. Марди маъюб тангаҳоро гирифта, синчакунон ба кӯдак нигарист ва даст ба омин бардошт. Муҳаммад тозон ба назди ман омад. Ман аз ин рафтори ӯ сахт мутаассир шудам ва ҳамзамон аз он шод гаштам, ки ба мазраи дили кӯчаки ӯ аллакай тухмиҳои шафқату накӯӣ афтодаанду дар оянда, бешак, ҳосили нек ба бор меоранд. Беихтиёр чунин мисраҳо аз киитоби «Чор дарвеш» ба ёдам расиданд:

Ту некӣ куну андар Даҷла* андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз…

                                                                                             Мансур СУРУШ,
АМИТ «Ховар»

*Даҷла — номи рӯде (дарё) дар Ироқи имрӯза. Бино ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ, нахустин тамаддуни инсонӣ дар дараи ҳосилхези Байнанаҳрайн, дар даштҳои канори ин  рӯди  бузург шакл гирифтааст…

Сентябрь 23, 2018 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст