Вена мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо-2021 интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдои соли 2021 дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, 17 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо-2018 ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии дзюдо баргузор гардид, ки дар он вазъи имрӯз ва ояндаи соҳаи дзюдо баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар ин ҷаласа мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо барои соли 2021 интихоб гардид.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФБД, Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо баъд аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 12 то 19 сентябри соли 2021 дар шаҳри Венаи Австрия мегузарад.
Дар ҷаласа аз мусобиқаҳои нави сатҳи ҷаҳонӣ, мисли Гран При Канада, Исроил ва Чили хабар дода шуд. Федератсияи байналмилалӣ дар бораи ин мусобиқаҳо иловатан гузориш хоҳад дод.
Пагоҳ, 20 сентябр дар Маркази миллии гимнастикаи шаҳри Бокуи Озарбойҷон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо оғоз мегардад. Дар он беш аз 800 нафар варзишгарон аз 129 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 9 варзишгар – Суҳроб Боқиев (-60кг), Ёқубҷон Боқиев, Наврӯз Каримзода (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов (+100кг) таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






