Вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Япония мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 миёни футболбозони то 16-сола, ки дар гурӯҳи «А» ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Япония вориди рақобат шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии мазкур дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала-Лумпури Малайзия сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур дастаи мунтахаби Таиланд бо дастаи мунтахаби Малайзия вориди рақобат гардида, бо ҳисоби 4:2 пирӯз омаданд. Баъд аз ду бозӣ дастаи мунтахаби Япония бо касби 4 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «А» ба шумор меравад.
Дар зинаҳои дуюм ва сеюм мутаносибан дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Малайзия бо дарёфти 3-имтиёзӣ қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал мебошад. Бозингарони ин даста 26 сентябр дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бо дастаи мунтахаби Таиланд вохӯрӣ мегузаронанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






