Ҳайати бонуфузи Санкт-Петербург дар пояи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Октябрь 18, 2018 14:25

ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ додем, имрӯз, 18  октябр  дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург  оғоз  гардиданд.

Бо ин мақсад дирӯз ҳайати бонуфузи  ин шаҳр таҳти роҳбарии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Дмитрий Семёнович Чернейко  ба Душанбе ташриф овард.  Ҳайти мазкур   субҳи имрӯз дар пояи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим   ҳайати  Санкт-Петербургро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад,  ҳайати мазкур  ҳамчунин дар  Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба», дар назди Маҷмааи ёдгории

«Гулхани абадӣ» гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро  пос доштанд.

Ташрифи ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза»  бо мулоқоти ҳайати шаҳри Душанбе  таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид  Зувайдзода  идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мазкур намояндагони аҳли илму фарҳанг, маорифу тандурустӣ, аз ҷумла,  мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорони забону адабиёти рус шомил мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар  доираи  Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург  дар Душанбе  баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) оид ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва барномаи консертии ҳунармандони театри «Маринский» барои сокинони шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

                                                                                                     Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2018 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд