Ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург ба Душанбе меояд

Октябрь 16, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябри соли равон  дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи  мамлакат баргузор мегардад. 18 октябр дар Муассисаи давлатии  «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати  мазкур  бо  роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута доир мешавад. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бо мақсади рушду таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Душанбе ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки ҳайати фарҳангӣ-соҳибкориро  ба шаҳри Душанбе сафарбар намояд.

Дар барномаи ин  сафар  маърӯзаҳо  оид ба тадриси забони русӣ, дарсҳо доир ба санъати сарояндагӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ, машварату маслиҳати духтурон барои аҳолии шаҳри Душанбе, инчунин барномаи мусиқӣ бо иштироки яке аз коллективҳои эҷодии Санкт-Петербург  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  25 сентябри соли 2017  ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  ташриф оварда буд.  Дар доираи ин сафар мулоқоти ноиби  Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина  ва ин ҳайат  бо  роҳбарияти   шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар Муассисаи давлатии  «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор   гардида буд.

Октябрь 16, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд