Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия сафар намуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва ҷиҳати иштирок дар Форуми VI байнипарлумонии «Тоҷикистон -Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ёвари раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат оид бо робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки дар Форуми VI байнипарлумонии «Россия – Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар фаъолона иштирок намоянд.
Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардида, дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкорӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аграрӣ, саноат ва ҳамзамон вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ матраҳ хоҳад гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи пленарии Форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, волии бархе аз вилоятҳои Россия, инчунин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсия сухан мекунанд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони Форум таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои афзалиятноки дуҷониба бо истифода аз имконоти мавҷуда равона хоҳанд кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






