«ҒАЛАБАРО БА ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ МЕБАХШЕМ». Зайниддин Раҳимов аз саҳми арзандаи Пешвои миллат дар равнақи футболи мамлакат изҳори хушҳолӣ намуд

Октябрь 5, 2018 09:04

ДУШАНБЕ,05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди ғалаба дар бозии ½ -ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 7:6 (1:1), ки дастаи мунтахаби мамлакатро ба бозии финалии Чемпионати Осиё баровард, изҳор дошт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ин ғалабаро ба Президенти мамлакат, ки имрӯз зодрӯз доранд, мебахшад.

«Мо ин ғалабаро ба Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 5 октябр зодрӯз доранд, мебахшем. Президенти маҳбуби кишвар барои ривоҷу равнақи футбол дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Мо шодем, ки чунин бозии зебо нишон додем. Ташаккур ба мухлисонамон мегӯем, ки ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ карданд. Вақте ки дар дақиқаҳои аввал ба дарвозаи ҳариф тӯб задем, хостем, ки ин натиҷаро нигоҳ дорем, аммо Кореяи Ҷанубӣ баъдан ҳисобро баробар кард.

Нимаи дуюми бозӣ бисёр душвор буд, аммо футболбозони мо қуввату тавоноии нав пайдо карда, дар ҳар қитъаи майдон муборизаи беамон бурданд, то ба ғалаба ноил шаванд. Барои ин ҷасорат ман ба онҳо изҳори минатдорӣ мекунам. Дар бораи силсилазарбаҳои пеналти ҳамин қадар мегӯям, ки он ба бозии лоторея шабоҳат дорад. Чун дар бозии пешина бо Кореяи Шимолӣ дарвозабони мо Мӯҳриддин Ҳасанов ба даста кумак кард. Ҳоло мо барои омодагӣ ба бозии ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Япония ду рӯз дар ихтиёр дорем. Тамоми кӯшишро барои ба даст овардани медалҳои тилло ба харҷ медиҳем”,-изҳор дошт Зайниддин Раҳимов.

Сармураббии дастаи мутахаби Япония Ким Юнг-су дар бораи ниҳоят душвор будани вохӯрӣ ҳарф зада, ба маҳорати олии футболбозони мо дар майдон баҳои баланд дод.

Октябрь 5, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд