Ҷавонон бояд Ватани хешро аз душманони забонию нонӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд
РАШТ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хатару таҳдидҳои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба давлату миллати тоҷик, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллию пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон мавзӯъҳои асосие буданд, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт ва аҳли адабу маориф дар вохӯрӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии ноҳия баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаро пеша намуда, дар минтақаҳои кӯҳистон ҳам тамоми шароитро барои таълиму тарбия ва дарсомӯзии донишҷӯён фароҳам овардааст, то ҷавонон пайваста илм омӯзанд. Аз ин рӯ, ин насли ояндасоз набояд фирефтаи макру ҳиллаи роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИ гардад. Ҷавонон бояд дар таъмини амният ва сулҳу оромии кишвар, ки барои мардуми сарзаминамон неъмати бузург аст, нақши сазовор гузошта, Ватани азизамонро аз хабари душманони забонию нонӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Ин гуна вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои минтақаи Рашт, муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбӣ ва донишҷӯёну устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Мақсади асосии чунин вохӯриҳо бохабар гардонидани ҷавонон аз фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон, инчунин пешгирӣ аз гумроҳсозӣ ва шомил нашудани ҷавонон ба ин гуна ташкилотҳои террористӣ мебошад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






