Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе намоиши театришуда бахшида ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз баъди анҷоми намоиши театришуда ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин барномаи театришуда устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ ба фазои идонаи Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшанд.
Рӯзи 16 ноябр дар тамоми боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






