БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ СОҲИБКОР. Дар Кумитаи миллии олимпӣ оид ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон ҳамоиш доир мешавад

Октябрь 10, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 октябр,  соати 14:00 дар толори Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон  дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор мегардад. Тавре корманди  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш  мутахассисон ва соҳибкорони ҷавони ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Клуби соҳибкорони ҷавон ва дигар вазорату идораҳо иштирок намуда, доир ба саҳми соҳибкорон дар пешрафти ҷомеа, дастгирӣ ва имтиёзҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон мубодилаи афкор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат аз соли 2014 инҷониб 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст. Дар доираи санаи мазкур ҳамасола дар мамлакат Форуми сармоягузорон баргузор гардида, дар кори он, аз ҷумла садҳо соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд.

Октябрь 10, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад