«Bangabandhu Gold Cup»: дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 октябр дар финали ин мусобиқот ба майдон мебарояд!
ДУШАНБЕ,10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, шоми 9 октябр дастаи мунтахаби асосии футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои нимниҳоии мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup», ки дар Бангладеш ҷараён дорад, дар бозии нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Филиппинро бо натиҷаи 2:0 шикаст дода, ба бозии финалӣ росхат гирифт.
Фуболбозони мо аз аввал то ба охир дар ин вохӯрӣ ба бартарӣ соҳиб буданд ва ба Комрон Турсунов муяссар шуд, ки ҳисобро дар дақиқаи 31-ум боз кунад. Фурсатҳои мувофиқ барои голзанӣ яке аз паси дигар пайдо мешуданд, аммо танҳо ба Аҳтам Назаров имкон фароҳам омад, ки дар дақиқаи 97-ум тӯби дуввумро ба дарвозаи иштирокдорони бозиҳои финалии Чемпионати Осиё – 2019-дастаи мунтахаби Филиппин занад.
Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии ниҳоӣ 12-уми октябр бо ғолиби ҷуфти дуввуми бозии нимниҳоӣ бо ширкати дастаҳои Фаластин ва Бангладеш, ки имрӯз сурат мегирад, қувва месанҷад.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup» бори шашум бо иштироки шаш дастаи Осиё гузаронида мешавад ва Тоҷикистон дар он бори аввал ширкат меварзад.
Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»
Бозии нимниҳоӣ
Филиппин – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Голҳо: Комрон Турсунов, 31 (0:1). Аҳтам Назаров, 90+7 (0:2).
Тоҷикистон: Рустам Ризоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Ойбек Абдуғаффоров, 90+10), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 70), Ҳикматулло Расулов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Комрон Турсунов, Ҷахонгир Эргашев (Комрони Мирзонаҷот, 88).
Огоҳӣ: Ян Кларино, Анхел Гуирадо (Филиппин), Мухаммадҷон Раҳимов (Тоҷикистон).
Довар дар майдон: Маҳмуд Алмаҷарафи (Уммон).
9 октябр. Варзишгоҳи “Кокс-Базар” (Бангладеш).









Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






