Бежан Азонов: «Дар Душанбе то имрӯз беш аз 100 ҳазор кортҳои нақлиётӣ ба гардиш бароварда шудаанд»
ДУШАНБЕ, 03.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 3 октябр дар хатсайри автобуси №22 пардохти ҳаққи роҳкиро ба шакли ғайринақдӣ, яъне тавассути кортҳои электронӣ ба роҳ монда шуд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал 18 июни соли 2018 пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои автобуси №3 ва троллейбуси №1 пурра ба шакли пардохти ғайринақдӣ роҳандозӣ шуд.
Ин иқдом дар асоси татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ гардид. Оид ба ҷузъиёти бештари мавзӯъ ва дигар паҳлӯҳои амалишавии ин низом хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ бо роҳбари лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Авесто — гурӯҳ» Бежан АЗОНОВ ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Дар бораи татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» барои хонандагони сомонаи мо каме маълумот медодед.
Бежан Азонов: Татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи феврали соли 2018 шурӯъ шуда, амалишавиии он марҳила ба марҳила идома дорад. 18 сентябри соли 2018 дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе — хатсайрҳои автобусҳои 8 ва тролейбусҳои рақами 10 пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ, яъне тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда шуда буд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз имрӯз, 3 октябр дар хатсайри автобуси №22 низ пардохти ҳаққи роҳкиро ба шакли ғайринақдӣ, яъне тавассути кортҳои электронӣ роҳандозӣ мешавад.
Мусофирон ва меҳмонони пойтахт метавонанд кортҳои электрониро, ки ба воситаи он пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум ба роҳ монда шудааст, аз терминалҳои «Express Pay» ва нуқтаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳои истгоҳҳои пойтахт дастрас намоянд.
АМИТ «Ховар»: Гузаштан ба ин низом барои сокинону меҳмонони пойтахт чӣ мушкилӣ пеш овард ва барои роҳнамоии онҳо кадом тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд?
Бежан Азонов: Бояд зикр намоям, ки нишондиҳандаҳо оид ба дастрас намудани кортҳои электронӣ хеле хуб ҳастанд. Сокинону меҳмонони пойтахт аз фаъолияти ин низом қаноатманд мебошанд. Инчунин тибқи низоми мазкур аз тарафи сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе барои доираи шахсоне, ки аз имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд, тақсимоти кортҳо идома дорад. Шумораи зиёди шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд, аллакай кортҳои имтиёзнокро дастрас намудаанд.
Дар татбиқи лоиҳаи зикршуда корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз сӯи волонтёрҳо пешбинӣ шудааст. Дар ҳар як истгоҳи марказӣ волонтёрҳо фаъолият доранд, ки ба мусофирон кумаки иттилоотӣ расонида, инчунин истифодаи кортҳоро низ назорат мебаранд. Бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва телевизион мунтазам барномаҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба нуктаҳои гуногуни лоиҳаи мазкур гузаронида мешаванд. Бояд зикр намоям, ки бо дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиш айни замон зиёда аз 100 нафар волонтёр дар татбиқи лоиҳаи мазкур фаъолият доранд, ки онҳо дар воситаҳои нақлиёт ва истгоҳҳо ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ҷиҳати дастрас намудани кортҳо, истифодаи онҳо ва чӣ гуна пур намудани тавозуни кортҳо маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд. Дар баробари ин шаҳрвандон имкон доранд, ки дилхоҳ саволи худро бо рақами худи маркази хизматрасонии лоиҳа занг зада, пешниҳод ва ҷавоби аниқу дақиқ пайдо намоянд.
АМИТ «Ховар»: Имтиёзҳо дар пардохти ҳаққи роҳкиро барои кадом категорияи шаҳрвандон ҷорӣ шудаанд?
Бежан Азонов: Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» наврасони то панҷсола ҳуқуқ доранд, ки ҳаққи роҳкироро пардохт накунанд, яъне онҳо метавонанд аз воситаҳои автомобилии истифодаи умуми пойтахт пурра ройгон истифода баранд. Наврасони аз 6 то 12-сола метавонанд ҳаққи роҳкироро 50% пардохт намоянд.
АМИТ «Ховар»: Кортҳои электрониро наврасон бояд аз куҷо ва чӣ гуна дастрас намоянд?
Бежан Азонов: Барои наврасон низ аз ҷониби лоиҳа кортҳои махсус пешбинӣ гардидаанд. Волидайн метавонанд ба сомонаи расмии лоиҳа бо суроғаи www.citycard.tj ворид гардида, аз портали махсуси он маълумоти заруриро оид ба кортҳои кӯдакона дарёфт намоянд. Ҳамчунин дастурамал оид ба фаъол гардонидани ин кортҳо дар худи сомона низ дарҷ гардидааст. Волидайн метавонанд аз ин портал истифода намоянд. Мо айни замон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди дастраснамоии кортҳои наврасонро сода гардонидаем. Волидайн метавонанд ба маркази хизматрасонии лоиҳа бо рақамҳои (44) 601-11-11 занг зада, маълумоти дахлдорро ба он расонида, корти наврасро аз аз он ҷо фаъол гардонида, онро аз терминалҳои «Express Pay» дастрас намоянд.
АМИТ «Ховар»: Дар масъалаи имтиёзҳо барои донишҷӯён чӣ гуфта метавонед?
Бежан Азонов: Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ, барои донишҷӯён имтиёзҳо ба андозаи 30% барои пардохти ҳаққи роҳкиро пешбинӣ гардидааст. Ба донишҷӯён ҳангоми харидорӣ намудани корти нақлиётӣ ба миқдори 50 сафар ва зиёда аз он тахфиф ба андозаи то 30% аз маблағи муайяншудаи ҳаққи роҳкиро пешниҳод карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки то ба имрӯз чӣ қадар шаҳрвандон бо кортҳо таъмин шудаанд?
Бежан Азонов: То ба имрӯз зиёда аз 100 ҳазор кортҳои нақлиётӣ ба гардиш бароварда шудаанд, ки онҳоро мусофирон, шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мунтазам истифода менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Тавре мо огаҳӣ дорем, ба ғайр аз кортҳои электронӣ барои ворид гардидан ба нақлиёти мусофиркашонии пойтахт истифодаи низом аз телефонҳои мобилӣ тариқи коди махсуси QR имкон дорад. Дар бораи ин барнома каме маълумот медодед?
Бежан Азонов: Бале, барномаи махсуси телефонӣ аз ҷониби мутахассисони лоиҳа таҳия гардидааст, ки онро метавон аз манбаъҳои маълумотӣ: Play Market ва App Store дастрас намуда, истифода бурд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки барномаи мазкур хеле сода мебошад ва он QR –ҳои махсусро доро буда, тариқи он метавон ҳаққи роҳкироро тавассути телефони мобилӣ ба роҳ монд.
АМИТ «Ховар»: То ба имрӯз хатсайрҳое, ки ба ин низом пайваст шудаанд, 5 ададро ташкил медиҳанд. Инҳо нақлиёти мусофиркашонии автобусу троллейбусҳои рақамҳои 3, 1, 8, 10 ва 22 мебошанд. Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
Бежан Азонов: Бояд зикр намуд, ки ҳоло сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд пурра аз низоми пардохти ғайринақдӣ истифода намоянд. Дар зиёда аз 340 адад воситаҳои нақлиёте, ки дар 4 корхонаи коммуналӣ фаъолият доранд, таҷҳизоти махсус, яъне валидатор -таҷҳизоти қабулкунандаи ҳаққи пардохт насб шудааст. Дар ин замина дар оянда нақша дорем, ки марҳила ба марҳила хатсайрҳои дигареро, ки берун аз ин низом фаъолият доранд, пайваст намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар гардонем.
АМИТ «Ховар»: Айни ҳол чанд навъ корт мавҷуд аст, ки аз ҷониби шаҳрвандон мавриди истифода қарор доранд?
Бежан Азонов: Аз ҷониби ҷамъият якчанд намуд кортҳои пардохти электронии роҳкиро омода шудаанд, ки яке аз инҳо корт барои истифодаи доимӣ дар автобус/троллейбус мебошад. Арзиши корт 10 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 сомонӣ дар тавозуни корт ҳамчун масрафнашаванда боқӣ мемонад. Тавозуни кортро ба воситаи терминалҳои «Express Pay» пурра кардан мумкин аст. Арзиши сафар баробари арзиши муайяннамудаи хатсайр мебошад. Муҳлати амали корт 3 сол мебошад.
Навъи дигари корт- ин корти имтиёзнок аст, ки он ба шахсони маъюб ва ё имтиёздорон пешниҳод карда мешавад. Он танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёз амалӣ шуда, ройгон мебошад. Инчунин корт барои кӯдакони аз 7 то 12- сола пешбинӣ карда шудааст. Сафар бо корти мазкур бо тахфифи 50 фоиз аз маблағи тасдиқшудаи тарофаи сафар амалӣ мешавад. Корти дигар ин барои меҳмононе, ки ба ҳудуди шаҳр меҳмон мешаванд ва ё сайёҳанд, барои 4-8 сафар дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корти 4 сафар 5 ва 8 сафар 10 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Муҳлати амали корт – 10 рўз аз вақти фаъолгардонии корт пешбинӣ шудааст.
Корти охирин -ин корти Эҳтиром номгузорӣ шудааст, ки он барои шахсони аз 75- сола боло пешбинӣ карда шудааст. Сафар бо корти мазкур ройгон мебошад. Корт ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёзҳо амал мекунад.
АМИТ «Ховар»: Дар сурати гум кардани кортҳои электронӣ шаҳрвандон ва сокинони пойтахт қабл аз ҳама кадом корро бояд анҷом бидиҳанд?
Бежан Азонов: Ҳангоми гум кардани корти электронӣ шаҳрвандон метавонанд дар навбати аввал ба рақами худи марказ —(44) 601-11-11 занг зада, онҳоро аз мушкилии худ хабардор кунанду роҳи ҳалли онро аз маркази хизматрасонӣ пурсон шаванд. Тавре дар нуктаи дуюми худи корт дарҷ гардидааст, дар сурати гум кардани ин корт Сitycard ягон масъулият надорад.
PS: Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» 15 феврали соли 2018 дар ҷараёни боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи банду басти автобусҳои «Акиа – Авесто», ки дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе ташкил гардид, инчунин гузоштани санги асос барои сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «Акиа» муаррифӣ шуда буд. 1 марти соли 2018 лоиҳа пурра ба кор шурӯъ намуда, шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки кортҳои нақлиётиро аз нуқтаҳои фурӯш, ки дар истгоҳҳои шаҳр фаъолият менамоянд, дастрас намоянд.