Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина ҷараён доранд, аз намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати даставии омехта сазовори медали нуқра шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамдастаи Бежан дар рақобатҳои даставӣ варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер буд. Ин ҷуфт дар финал аз ҷуфти Кирил Киров (Булғористон)/Ванесса Сигер (Германия) бо ҳисоби 3:10 шикаст хӯрд. Ҷои сеюмро ҷуфти Дмитро Ҳонта (Украина)/Андреа Викториа Ибарра Миранда (Мексика) ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон, ки 7 октябр дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина оғоз шуданд, 3 варзишгари Тоҷикистон иштирок доранд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ).
Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал гарданд. Дар ҳайати даставӣ 10 октябр Сулаймони Ҷамшед медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Хотиррасон менамоем, ки бозиҳо то 18 октябр идома меёбанд. То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Россия бо 37 медал (22 тилло, 9 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст.
Дастаи мунтахаби Венгрия бо 20 медал (12-5-3) дар зинаи дуюм, дастаи мунтахаби Япония бо 26 медал (9-6-9) дар зинаи сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, дар ин бозиҳо варзишгарони 72 давлат соҳиби медали олимпӣ гардидаанд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






