Бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон бо қарори худ бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистонро ба вақти номуайян ба таъхир гузошт. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, иштироки дастаи мунтахаби мамлакат дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш ба ин амал сабаб гардид.
Бозиҳои даври 20-ум бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» – КМВА «Помир», «Хатлон» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» ва «Панҷшер» – «Барқчӣ» аз рӯи тақвими мусобиқа мебоист 21 октябр баргузор мегардиданд. Вале тибқи қарори Лигаи футболи Тоҷикистон, дар ин рӯз гузаронидани бозиҳои ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки 17 октябр бозиҳои рафти ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд», инчунин бозиҳои баргашти ин вохӯриҳо 21 октябр миёни «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» гузаронида мешаванд.








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






