БОЗИИ ФИНАЛӢ! Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат ғолиби мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол муайян мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат вохӯрии финалии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барпо мегардад.
То ин дам дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳои Ҷоми Тоҷикистон панҷ маротиба бо ҳам қувва санҷидаанд, ки се маротиба «Истиқлол» ва ду мартиба «Регар-ТадАЗ дар он пирӯз гаштаанд. Имрӯз дар бозии шашум кадом даста ғолиб меояд, мову шумо хабар хоҳем ёфт.
Соли 2011: «Регар-ТадАЗ» -«Истиқлол» — 1:0
2012: «Регар-ТадАЗ» — «Истиқлол»- 1:1, 6:5 – аз зарбаҳои пеналтии баъди бозӣ.
2013: «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ»-2:0
2014: «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ»-5:2
2015: «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ»- 2:2, 6:5-аз пеналтии баъди бозӣ.
Соли гузашта дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Хуҷанд» бар «Истиқлол» бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада Ҷомро болои сар бардошт.
Довари беҳтарини соли гузаштаи мамлакат — Сайёд Зайниддинов ба ҳайси довари бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» таъин шудааст. Ба ӯ Ҳамза Шоҳимардонов аз Хуросон ва Исмоил Нуралиев аз Норак кӯмак мерасонанд. Хисрави Сиддиқзод ба ҳайси довари эҳтиётӣ интихоб шудааст. Дараҷаи ин вохӯриро ба назар гирифта ФФТ Насрулло Кабировро аз Норак ва Гулмуроди Саъдуллоро аз шаҳри Душанбе ҳамчун ёварони иловагии довар аз пушти дарвоза таъин намуд. Масулияти нозири доварон дар ин вохӯрӣ ба Юсуф Ишматов ва комиссари бозӣ ба Ҷовидон Ҳасанов вогузошта шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






