«ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…»- таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи куҳансолон дар Муассисаи давлатии «Театри тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов»-и пойтахт барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…» баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуд. М.Муинӣ аз ҷумла, зикр намуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли калонсол пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
«Ҳадаф аз баргузории барномаи мазкур, қабл аз ҳама, арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки фарҳанги миллӣ, эҳтироми хосса ба калонсолону пиронсолон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандорӣ мебошад», -афзуд М.Муинӣ.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати беҳдошти зиндагии ашхоси куҳансол барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, ҳамасола дар ин самт чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.
Барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Дар барнома бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ таҳти унвони «Ватандор» пешниҳод гардид.
Ҷамъомад бо тақдими дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе анҷом ёфт.










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






