Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забон тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардид. Дар намоиш китобу таълифоти гуногун доир ба забони тоҷикӣ, асарҳои адибону шоирон, адабиёти бадеӣ ва осори гаронбаҳои аҳли илму адаби тоҷик ба маъраз гузошта шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми пойтахт расонид.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ нишонаи асосии ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини ҳифзу нигоҳдошти осори пурғановат ва фарҳангу тамаддуни бойу рангини тоҷикон маҳсуб мешавад.
Бо дарки аҳамияти ва арзиши забони давлатӣ соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ҷашнҳои мамлакат ворид карда шуд.
Ин санаи пурифтихор ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Барномаи ҳунарии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони пойтахт таҷлили ин санаи муҳими таърихиро барои сокинону меҳмонони Душанбешаҳр боз ҳам ҷолибу ҷазоб намуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин муносибат дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ созмон дода шуданд.
Аз ҷумла, ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон-омили асосии пойдории миллат» доир шуд, ки дар кори он олимону мутахассисони соҳи забоншиносӣ, коршиносон ва аҳли адаб доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти забон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.











«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






