Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забон тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардид

Октябрь 6, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 06.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ  тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии  сокинону меҳмонони пойтахт ва  намоиши китоб баргузор гардид. Дар намоиш китобу таълифоти гуногун доир ба забони тоҷикӣ, асарҳои адибону шоирон, адабиёти бадеӣ ва осори гаронбаҳои аҳли илму адаби тоҷик ба маъраз гузошта шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми пойтахт расонид.

Аз ҷумла,  зикр гардид, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ нишонаи асосии ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини ҳифзу нигоҳдошти осори пурғановат ва фарҳангу тамаддуни бойу рангини тоҷикон  маҳсуб мешавад.

Бо дарки аҳамияти ва арзиши забони давлатӣ соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ҷашнҳои  мамлакат ворид карда шуд.

Ин санаи пурифтихор ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Барномаи ҳунарии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони пойтахт таҷлили ин санаи муҳими таърихиро барои сокинону меҳмонони Душанбешаҳр боз ҳам ҷолибу ҷазоб намуд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардида, дар доираи  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин муносибат дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни  фарҳангию фароғатӣ  созмон дода шуданд.

Аз ҷумла, ба ифтихори ин санаи  таърихӣ  дар  Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон-омили асосии пойдории миллат» доир шуд, ки дар кори он олимону мутахассисони соҳи забоншиносӣ, коршиносон ва аҳли адаб доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти забон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. 

Октябрь 6, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд