Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ клуби волонтёрон таъсис ёфт

Октябрь 2, 2018 17:13

ХОРУҒ, 2.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо мақсади таъсис додани «Клуби волонтёрон» мулоқот анҷом дод. Ҳарчанд дар ин донишгоҳ чанд сол аст, ки гурӯҳҳои гуногуни волонтёрон фаъолият доранд, аммо сохтори муайяне  вуҷуд надошт, ки ҳамаи гурӯҳҳоро бо ҳам муттаҳид созаду донишу неруи онҳоро ба як самт равона созад.

Сардори ин гурӯҳи корӣ Саъдулло Юсупов гуфт, ки «нахустин «Клуби волонтёрон» шаш сол пеш пас аз тасдиқи Қонун “Дар бораи  фаъолияти волонтёрӣ» таъсис дода шуд. Дар ин муддат дар тамоми раёсату бахшҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳфилҳои волонтёрон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ карданд. Мақсади асосии ин маҳфилҳо пайдо кардани ҷавонони ташаббускору фаъол, такмил додани донишу маҳорат ва истеъдоду ҳунари онҳо аст. Аз ҳама муҳим, дар ниҳоди онҳо парваридани хислатҳои накӯи инсонӣ, ба мисли меҳрубонӣ нисбат ба пирону барҷомондагон, саҳм гузоштан дар ободии ватан дар ҳолати сар задани ягон офати табиӣ, иштироки фаъол зимни  баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад».

Донишҷӯи ин донишгоҳ Солеҳ Неъматов яке аз аввалинҳо шуда, худро дар ин маҳфил номнавис намуд. Ӯ изҳор дошт, ки «ман ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзидам. Волонтёрӣ на танҳо ба ободии кишвар мусоидат мекунад, балки ҷавонони манотиқи кишварро, ки дар як донишгоҳ таҳсил мекунанд, боз ҳам муттаҳидтар месозад. Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот  аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ ояндаи кишвар ва рушду нумуъи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад».

Мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр идома дорад.

Октябрь 2, 2018 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад