Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи забон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Октябрь 4, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур  роҳбарият ва кормандони муассисаву сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Душанбе, олимону коршиносони соҳаи забон, шоирону нависандагон, аз ҷумла, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Шӯрои  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоираи ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рудоба  Мустаҷобова ва Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ Аскар Ҳаким, инчунин намояндагони  воситаҳои  ахбори  омма  иштирок  намуданд.

Тавре  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад, маҷлиси тантанавиро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда,  паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро  бахшида ба   Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳозирин ва  дар симои онҳо ба тамоми сокинони пойтахт расонид.

Дар Паёми табрикӣ,   аз ҷумла,  омадааст, ки «ин санаи пурифтихор самараи неки даврони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  маҳсуб шуда, соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шуд ва  ҳамасола 5 октябр дар саросари  мамлакат дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан  ба  ҳама   муқаддасот ба таври васеъ таҷлил мегардад».

Иштирокдорони  ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир бо инобати   таҳаввулоти ҷаҳон вазифаи муҳимтарини на танҳо  давлат, балки ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва  риояи  меъёрҳои он барои густариши балоғат ва фасоҳати забон тамоми шароитро фароҳам месозад ва сохтори онро такмил дода, инкишофи бонизоми онро  таъмин  месозад.

Дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта шуд, ки забони ноби тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Имрӯз ҳифзу   гиромидошти он эҳтиром ба гузашта, имрӯз ва фардои миллату давлати тоҷикон  мебошад.

Иштирокдорони  ҷамъомад доир ба ҷанбаҳои дигари забони давлатӣ ибрози  андеша карданд.

Октябрь 4, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад