Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсия омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсия дар пойтахт тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар тамоми муассисаву ташкилотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он доир ба аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат бо иштироки коршиносони соҳа мулоқоту суҳбатҳо ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд. Дар ин рӯз ҳамчунин дар боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию истироҳатӣ бо мақсади дар рӯҳияи идона ташкил намудани сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






