Дар Душанбе китоби «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ВАО дар соҳаи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид

Октябрь 27, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «ЭР-Граф»-и Душанбе китоби «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз чоп баровард.

Китоби мазкур, ки бо забони русӣ нашр шудааст, ба қалами Файзалӣ Шарифзода ва Муҳриддин  Амруддинзода тааллуқ дорад.

Муаллифон масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткориро баррасӣ ва оид ба такмили ин ҳамкорӣ тавсияҳо пешниҳод кардаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар китоб аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ташаккули андешаҳои ҷомеа нишон дода шуда, амалияи тавзеҳи фаъолияти милитсия аз тарафи воситаҳои ахбори омма таҳлил карда шудааст.

Китоби мазкур барои донишҷӯён, аспирантон (адъюнктон), шунавандагон, курсантон, омӯзгорон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  ва ВАО, инчунин доираи васеи хонандагон таҳия  шудааст.

Октябрь 27, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад