Дар Душанбе Конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2018. /АМИТ «ХОВАР»/. Пагоҳ, 3 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат Конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи «Тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ. Камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ» баргузор мегардад.
Тавре раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар кори конфронс роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳои Тоҷикистон, ташкилоти иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок менамоянд.
Ба иттилои номбурда, дар ҷараёни конфронс иштирокчиён атрофи масъалаҳои марбут ба тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва камчинии меҳнати шоиста, инчунин риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ андешаронӣ менамоянд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолӣ моҳи апрели соли равон Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид.
Зикр шуд, ки ба тасвибрасии ин ҳуҷҷати муҳим барои пайваста густариш ёфтани ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар бобати танзиму рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ки кафили беҳдошти вазъи зисти мардум мегарданд, мусоидат менамояд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта корро оид ба амалӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии меҳнатии байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ оғоз намуда буд. Ба ҳолати имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнатро, ки 8-тои он асосӣ мебошанд, мавриди амал қарор додааст. Дар баробари ин аз ҷониби Тоҷикистон конвенсияҳои №122, «Дар бораи сиёсат дар самти шуғл» ва №142 «Оид ба рушди захираҳои аҳолӣ», ки ба шуғли аҳолӣ дахл мекунанд, амалӣ шуданд»,-гуфт раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст






