Дар Душанбе машғулиятҳои мураббиёни футбол барои ноил шудан ба литсензияи «В» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои мураббиёни футбол барои ноил шудан ба литсензияи «В» оғоз гардид. Роҳбари машуғулиятҳо мутахассиси варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)- ҳамватани мо Боир Эгамбердиев буда ба ӯ Усмон Тошев аз Ӯзбекистон кӯмак мерасонад.
Тавре сардори шӯъбаи департаменти техникии (фаннии) ФФТ Рустам Абдуллоев хабар дод, машғулиятҳо барои ноил шудан ба литсензияи «В» се ҳафта давом мекунад ва 6 ноябр ҷамъбаст хоҳад шуд.
Ба машғулиятҳо 18 нафар мураббиён, аз ҷумлаи Хуршед Маҳмудов, Алифбек Беромов, Нодир Раҳимов, Исмоил Саидов, Саид Ғаюров, Фаррух Чориев, Рустам Ҳалимов, Алишер Полвонов, Увайдо Давлатбеков, Шамсиддин Қосимов, Ширинҷон Мамадсафоев, Асрорҷон Шораҷабов, Қобил Умаров (аз Тоҷикистон), Мирислом Ҳасанов, Сӯҳроб Қобилов, Комил Самиев, Шӯҳрат Мӯсоев (аз Ӯзбекистон) ва Чарлз Накути ( аз Гана) фаро гирифта шудаанд.
Машғулиятҳо амалӣ ва назариявӣ гузаронида шуда, пас аз анҷоми он мураббиён имтиҳон месупоранд. Онҳо, ки бо муваффақият аз имтиҳонҳо мегузаранд, соҳиби литсензияи «В» мегарданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






