Дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шӯрои мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» таъсис дода шуд.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, Низомнома ва ҳайати он тасдиқ гардида, масъулин вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






