Дар Маҷлиси миллӣ масоили тақвияти дастгирии соҳибкорӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он матраҳ гардиданд

Октябрь 31, 2018 20:02

ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Дар раванди  ташаккули  иқтисоди миллӣ  саҳми бахши   хусусӣ назаррас буда,  ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  /ММД/ 70% -ро ташкил медиҳад. Ин нукта дирӯз зимни  муҳокимаи парлумонӣ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар мавзӯи «Такмилу тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёна: мушкилот роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар Душанбе баргузор шуд, иброз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар муҳокимаи парлумонӣ аъзои Маҷлиси миллӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳибкорон ширкат намуда, мушкилоти рушди соҳибкорӣ ва роҳҳои ҳалли онро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» баррасӣ намуда,  пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур дар назди ҳозирин раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ Раҳмоналӣ Амирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, намояндагони дигар мақомоти марбутаи мамлакат ва соҳибкорон сухан намуданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Мусаллам аст, ки бо  мақсади рушди соҳибкорӣ дар мамлакат Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст, ки муколамаи озоди давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд. Ба он ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ шомиланд.

Ҳамзамон дар мамлакат такмили қонунгузории кишвар доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ идома дошта, ба соҳибкорон як қатор имётизҳои андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар ин самт бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ соли равон ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ нигаронида шудаанд.

Инчунин бо мақсади дастгирии  давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳамасола аз буҷети давлат маблағҳои мақсаднок ҷудо карда мешаванд. Тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки аз соли 2015 дар назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст,  ба субъектҳои соҳибкории самти истеҳсолӣ  қарзҳои имтиёзноки давлатӣ  бо 12 фоизи солона  пешниҳод мешаванд. Тавассути Фонди мазкур  то имрӯз дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар барои 168 лоиҳаи тиҷоратӣ 243 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки аз он  24 лоиҳаи тиҷоратии  соҳибкорзанон ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ мебошад.  Инчунин бо дахли дастрасии соҳибкорон ба маблағҳои бонкҳо зикр гардид, ки тибқи омори бонкӣ, дар панҷ соли охир аз сӯи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат ба маблағи 49 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки қариб 27 миллиард сомонӣ ё  55 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Иштирокдорони муҳокимаи  парлумонӣ ҳамзамон доир ба роҳҳои  тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёна, аз байн бурдани мушкилоту монеаҳои  дар ин бахш мавҷуд буда, фароҳам овардани шароити мусоид дар доираи қонунгузории кишвар, хусусан талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»,  нақши соҳибкорон дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ,  баланд бардоштани донишҳои  ҳуқуқӣ ва замонавии соҳибкорон, дастрасии онҳо ба воситаҳои молиявӣ,  хусусан қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои паст ва дигар паҳлуҳои рушди соҳибкорию нақши он дар пешбурди иқтисоди  мамлакат табодули назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки  баррасии тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар муҳокимаи парлумонии Маҷлиси миллӣ дар ҳолест, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро  дар Стратегияи миллии рушд  барои давраи то соли 2030 ҳамчун  воситаи асосии таъмин намудани иқтисоди миллӣ  муайян намудааст.

Мусаллам аст, ки муҳокимаи парлумонӣ  дар мавзӯи «Такмилу тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёна: мушкилот роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки  15 октябри соли равон дар доираи Рӯзи соҳибкорон дар Душанбе доир гардида буд, гузаронида шуд.

Октябрь 31, 2018 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад