Дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина сеюмин Бозиҳои олимпии наврасон шурӯъ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина оташи III Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон равшан шуд. Ин амалро дар вазъи тантанавӣ варзишгарони аргентинӣ Педро Ибарра (чавгонбозӣ) ва Сесилия Каранса (заврақронӣ) иҷро карданд, Президенти Аргентина Маурисио Макрӣ бозиҳоро кушода эълон кард.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, бори аввал дар таърих маросими ифтитоҳи Бозиҳои муосири олимпӣ на дар варзишгоҳ, балки дар хиёбон доир гашт ва 200 000 нафар шоҳиди шоу-барномаи бозиҳо шуданд.
Оташи олимпӣ то 18 октябр дар яке аз ҷозибаҳои пойтахти Аргентина – Обелиск, ки соли 1936 ба муносибати 400-солагии таъсиси шаҳр сохта шудааст, шуълавар мемонад. Зимни маросим дар бинои ёдгорӣ, ки 67 метр баландӣ дорад, тавассути технологияи нав, ба таври мултимедиявӣ варзиш, таъриху фарҳанги Аргентина намоиш дода шуд.
Паради варзишгарон низ ба таври дигар сурат гирифт. Дар оғоз ҳамаи дастаҳо дӯстона вориди базмгоҳ шуданд, баъдан парчамбардорон вориди саҳна шуда, давлатҳоро муаррифӣ намуданд.
Парчами Тоҷикистонро барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо-2018, ғолиби чандкаратаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо Сулаймони Ҷамшед вориди макони маросим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон 3 нафар варзишгари Тоҷикистон аз рӯи 3 намуди варзиш иштирок мекунанд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ).
Барои медалҳои Бозиҳои Буэнос Айрес 4012 нафар варзишгар аз 206 давлат талош мекунанд.
Бори аввал дар таърихи олимпиада шумораи иштирокчиён миёни мардону бонувон баробар аст.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах зимни суханронӣ гуфт: «Барои то ин ҷо омадан ҳар яки шумо тамрин ва дар мусобиқаҳо иштирок кардаед. Тамоми имкониятатонро барои шуғле, ки дӯст медоред, сарф намудед. Барои ҳамин сазоворед, ки дар ин бозиҳо иштирок кунед. Мо аз ҳар гӯшаи олам бо фарҳангҳои гуногун ин ҷо ҷамъ омадем, аммо ҳамаи моро арзишҳои олимпӣ, дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам меоранд».








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






