Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо», ки ҳамасола аз 12 то 18 ноябр гузаронида мешавад, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешаванд.
Зимни чунин як вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои хориҷӣ ба иштирокчиён «Нақшаи миллии амалҳо оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» муаррифӣ гардид.
Зикр шуд, ки нақшаи мазкур моҳи майи соли равон дар ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатзода иброз дошт, баҳри кам намудани хатоиҳо ва тавсияи нодурусти антибиотикҳо аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва байторӣ соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Нақшаи миллии мазкурро тасдиқ намуданд.
Ба иттилои номбурда, баъди таҳлилҳое, ки солҳои 2015 ва 2016 гузаронида шуданд, муайян гардид, ки истифодаи антибиотикҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва байторӣ барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ нодуруст тавсия дода мешуданд. Қабули нақшаи мазкур бо мақсади дуруст истифода бурдани доруҳои зиддимикробӣ дар муассисаҳои тандурустӣ роҳандозӣ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки баргузории «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо» ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тиб, беҳтар намудани иқтидори озмоишгоҳӣ барои гирифтани маълумоти аълосифати микробиологӣ бо мақсади табобати беморон, инчунин таъмин кардани дастрасии бемонеа ба доруҳои аълосифати зиддимикробӣ, таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооти дахлдори босифат оид ба доруҳои зиддимикробӣ ва истифодаи онҳо мусоидат менамояд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






