Дар Тоҷикистон бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни бонувон (U-19) оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз 24-ум то 28-уми октябр даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби бонувони то 19-сола дар гурӯҳи «D» гузаронида мешавад. Барои роҳхат ба даври дуввум дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш бо ҳам рақобат мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Қаноат Латифов бозиҳои худро бо дастаҳои мунтахаби Тайбейи Чин (24-уми октябр), Кореяи Ҷанубӣ (26-уми октябр) ва Бангладеш (28-уми октябр) доир мекунад. Оғози бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон соати 17:00.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ ғолибон ба бозиҳои даври дуввуми интихобӣ, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли 2019 гузаронида мешавад, роҳхат мегиранд. Ба замми ин ду дастаи беҳтарини мақоми дуввум низ аз ин гурӯҳҳо барои бозиҳои даври дувум интихоб мешаванд.
Тақвими бозиҳо чунин аст:
Даври 1
24 октябр
14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш
17:00 – Тайбэйи Чмн – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
26 октябр
14:00 – Бангладеш –Тайбэйи Чин
17:00 – ТОҶИКИСТОН –Кореяи Ҷанубӣ
Даври 3
28 октябр
14:00 – Кореяи Ҷанубӣ –Тайбэйи Чин
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Бангладеш








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






