Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии коҳиши хатарҳо таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатарҳо, ки ҳамасола 13 октябр таҷлил мегардад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, ЮНИСЕФ ва Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ як зумра чорабиниҳои иттилоотӣ — таблиғотӣ доир менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, иттилоъ дод. Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатарҳо баргузории озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни тасвирӣ барои кӯдакон, нигориши матолиби журналистӣ барои рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ, ташкили ҳамоишҳо, вохӯрии кормандони Кумита бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз огоҳсозии сокинон аз хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва роҳнамоии онҳо барои коҳиши хатарҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии коҳиши хатарҳо тибқи қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ шурӯъ аз соли 1989 таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






