Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАз» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам қувва месанҷанд
ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Душанбе-83» ва «Истиқлол» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба нафъи «Душанбе-83» анҷом ёфт. Аз натиҷаи ду вохӯрӣ футболбозони дастаи «Истиқлол» дар маҷмӯъ бо нишондоди 5:3 озими бозии финалӣ шуданд.
Рақобати дастаҳо ниҳоят пуршиддат сурат гирифт. Дастаи «Душанбе-83», намояндаи Лигаи якуми кишвар чун дар бозии аввал ба чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон- «Истиқлол» муқобилияти сахт нишон дод. Се тӯби задаи Элчибек Рашидбеков, Калеб Авуку ва як худголи (автогол) Артём Барановский «Душанбе-83»-ро ба пирӯзӣ расонид. Дар навбати худ Артём Барановский ва Ҷаҳонгир Абдулмӯминов ба се голи мизбонон бо ду гол ҷавоб гардониданд.
Дар бозии ҷуфти дуввум, тавре сомонаи расмии КФ «Хуҷанд» хабар медиҳад, футболбозони дастаи «Хуҷанд», ки дар бозии аввал дар сафар бо натиҷаи 1:0 бар «Регар-ТадАЗ» ғалаба карда буданд, дар майдонашон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, ба дастаи «Регар –ТадАз» роҳро ба бозии ниҳоӣ боз карданд.
Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Фарҳод Тоҳиров аз «Хуҷанд», Ойбек Абдуғаффоров ва Амирҷон Сафаров аз «Регар –ТадАЗ» ба ҳадаф расониданд.
Ба ҳамин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» қувва месанҷад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






